Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Роҳбарияти Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе эм карда шуданд

© Вазорати тандурустӣЭмгирии ращбарияти Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе
Эмгирии ращбарияти Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Дар Душанбе роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ зидди бемории COVID-19 эм карда шуданд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазоарти тандурустии Тоҷикистон аз эм шудани роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе алайҳи бемории COVID-19 хабар медиҳад.
Министр здравоохранения Таджикистана во время вакцинации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.
Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва  роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.
Ӯ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард, ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала