Раҳмон дар меҳмонии кишоварз Қосимов: соҳибхона ҳаҷми даромади софашро гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТеплица с огурцами, архивное фото
Теплица с огурцами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки вақтҳои охир зимни сафарҳояш ба навоҳии кишвар меҳмони хонаҳои сокинон мешуд, дар шаҳри Бохтар низ ин анъанаро давом дод
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов шинос шуд.
Губернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода в больнице Канибадама - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2020
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Иқдоми масъулин дар Суғд: барои ба бозори серодам нарафтан, Гӯшаҳои деҳқон ташкил карданд
Фурқат Қосимов дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз кишоварзони шинохта мебошад, ки таҷрибаи бойи деҳқонӣ дорад.
“Дар майдони 14 сотих 3 гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда, дар як сол ду се маротиба ҳосил мегирад. Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш меёбад”, - омадааст дар иттилои котибот.
Манбаъ афзуд, Фурқат Қосимов зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳомн гуфт, аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба  ҳосили сабзавот мерӯёнад ва аз ҳисоби ин  замин ҳар сол ба маблағи аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.
Котибот мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Фурқат Қосимов тӯҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла 200 номгӯйи асар ва китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳадя кард.
Таъкид шудааст, ки истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оила ҳосили фаровони барвақтии сабзавоту полезӣ аз қабили бодирингу помидор ва булғорӣ ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд ва дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала