Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Маълум шуд, кай дар Русия ҳамаи маҳдудиятҳои ковидӣ бардошта мешавад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксМосква во время режима самоизоляции жителей
Москва во время режима самоизоляции жителей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко гуфт, кай ҳамагуна маҳдудиятҳои ҳангоми пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда, бекор мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда, ки ба пешгирии паҳншавии коронавирус равона шуда буданд, ба зудӣ дар шаҳрҳои Русия бекор карда мешаванд.
Дар ин бора раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко хабар дод.
Вай изҳор дошт, ки Русия то тирамоҳи соли 2021 ба зиндагии маъмулӣ бармегардад. Маҳз то ин вақт, ба гуфтаи намояндаи Шӯрои Федератсия, шаҳрвандони кишвар масъунияти дастаҷамъӣ ба вуҷуд меоранд. Ба ин ваксинакунии оммавӣ, ки кайҳо дар Федератсияи Русия оғоз ёфтааст, мусоидат мекунад.
"Ман фикр мекунам, ки коршиносон дуруст мегӯянд, ки дар сурати эмгузаронии оммавӣ аксар маҳдудиятҳо то тирамоҳ бекор карда мешаванд ва мо то тирамоҳ ба зиндагии муқаррарӣ бармегардем", - таъкид кард Матвиенко.
Вай қайд кард, ки маҳз эмгузаронӣ ғалаба бар коронавирус дар Русияро наздик мекунад.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Владимир Путин эм карда шуд: аҳволаш чӣ гуна аст?
Ба гуфти Матвиенко, ба истиснои нишондодҳои нодири тиббӣ, ҳеҷ далеле барои радди ваксина алайҳи COVID-19 вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки эмгузаронии оммавӣ дар Русия 18 январ оғоз ёфт. Сокинони кишвар метавонанд бо ваксинаи ватании "Sputnik V" эм карда шаванд, ки аз ду марҳила иборат аст. Миқдори дору бояд дар фосилаи 21 рӯз гузаронида шавад.
Пештар аз ин, президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки шумораи русҳое, ки аз коронавирус эм карда шудаанд, айни замон беш аз чор миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар айни замон, зиёда аз шаш миллион қисмати якуми доруро гирифтанд.
Оғози эмгузаронии низомиёни Русия алайҳи коронавирус дар Норак
Ба гуфтаи Путин, вазъи коронавирус дар Русия ба эътидол омадааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала