Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Созмони ҷаҳонӣ дар изтиробу Вазорат хомӯш: аз хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистон чӣ маълум аст?

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация детей от полиомиелита
Вакцинация детей от полиомиелита  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хуруҷи бемории фалаҷ ё худ полиомиелит дар Тоҷикистон хабар дода, ҳолати фавқулоддаи дараҷаи дуюм эълон кардааст. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ҳанӯз вокунише накардаанд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расман эълон кард, ки чор ҳолати бемории фалаҷи кӯдакон, аз ҷумла ду ҳолат дар Хатлону ду ҳолати дигар дар шаҳри Ҳисор ошкор шудаанд. СҶТ бо эълони ҳолати фавқулодаи дараҷаи дуюм зарурати вокуниши фавриро таъкид намудааст.
Любовь Духанина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Вакили Думаи давлатӣ гуфт, кай Русия марзро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик мекушояд
Аммо Мунира Каримова, мудири Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, ки маризон аз минтақаҳои гуногунро табобат мекунад, изҳор дошт, ки феълан ягон ҳолати бемории фалаҷро ба қайд нагирифтаанд.
“Муассисаи мо шаҳрӣ ҳам бошад, ба беморон аз тамоми Тоҷикистон хизмат мерасонад. Аз тамоми ноҳияҳо ба мо муроҷиат мекунанд, аммо то ҳол дар бораи ҳолатҳои фалаҷ чизе нашунидаам”, - изҳор дошт Каримова.
Ин табиб, ки таҷрибаи кор бо беморони фалаҷ ҳангоми хуруҷаш дар соли 2010-ро дорад, таъкид намуд, ки агар иттилоъ дар бораи ҷой доштани беморӣ дуруст бошад, муҳим аст, ки саривақт вокуниш сурат гирад.
“Як ҳолат, аллакай замина барои вокуниш аст. Ҳатто агар як ҳолати бемории фалаҷ низ бошад, бояд бонги хатар зад”, - таъкид кард духтури сироятшинос.
Ба гуфтаи Каримова ахиран дар Тоҷикистон эмгузаронӣ алайҳи фалаҷ гузаронда шуд.
Табиби сироятшинос дар мавриди вокуниши созмони тандурустӣ изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ агар як ҳолат ҳам ба қайд гирифта шавад, бояд чораҳои ҷиддӣ амалӣ карда шаванд, чун вирус васеъ паҳн мешавад.
Эмгирии ращбарияти Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Роҳбарияти Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе эм карда шуданд
"Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки вирусҳои дигаре аз гуруҳи коксак ва экхо, мавҷуданд, ки метавонанд боиси фалаҷшавӣ гарданд. Шояд чунин ҳолатҳо ҷой доранд, аммо полиомиелит – ин қиссаи дигар аст", - шарҳ дод сироятшинос ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Каримова, дар сурати тасдиқи ҷой доштани фалаҷ эмгузаронии такрорӣ гузаронда мешавад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, нахустин ҳолати бемории фалаҷ моҳи ноябр дар Хатлон, ҳолати дуюм ҳам моҳи феврал дар Хатлон ва ду ҳолати дигар дар шаҳри Ҳисор 8 март ба қайд гирифта шуданд.
Бар асоси матлабе, ки дар сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, фалаҷ бемории шадиди сироятшаванда мебошад. Барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами бемор ё ҳомили барангезанда ба воситаи хӯрок, об ва гуфтугӯ ба шахси сиҳат мегузарад.
Бино ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба бемории фалаҷ асосан кӯдакони то панҷсола гирифтор мешаванд. Аз ин хотир, барои пешгирии сироят аз он ҳар як мамлакат барномаи миллии худро қабул ва татбиқ менамояд. Ғайр аз ин, яке аз роҳҳои асосии пешгирии мубтало шудан ба ин беморӣ ба иммунизатсия фаро гирифтан мебошад.
Дар Тоҷикистон одатан давоми 24 соати баъди таваллуди кӯдак ӯ бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки тариқи даҳон истифодашаванда мебошад, фаро гирифта мешавад.  Баъдан ӯ дар 2-3 ва 4-моҳагӣ ин навъи ваксинаро қабул мекунад.
Руководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Дуои саломатӣ ба вазир то шакк нисбати AstraZeneca: вокуниши тоҷикистониён ба ваксинагирӣ
Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки дар 90-95 дарсади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон беморӣ ба таври сабук мегузарад ва ба ӯ нишонаҳои начандон баланди таби бадан, ангина, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, беиштиҳоӣ ва сустии тамоми бадан хос аст. Чунин намуди беморон тез сиҳат мешаванд. Дар онҳо фалаҷшавӣ ба вуҷуд намеояд. Ин шакли бемориро “фалаҷи абортивӣ” меноманд, омадааст дар матлаби Вазорати тандурустӣ.
Аммо Тоҷикистонро моҳи марти соли 2010 вируси ёбоии фалаҷи навъи 1 фаро гирифта буд, ки сабаби хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ гардид. Дар пайи чораандешиҳо ва эмгузаронӣ роҳи паҳншавӣ ва умуман гардиши барангезандаи бемории фалаҷ вируси “ёбоӣ”-и намуди I гирифта шавад. Моҳи июли соли 2010 дар Тоҷикистон охирин ҳодисаи бемории фалаҷ ба қайд гирифта шуд, таъкид карда буд Вазорати тандурустӣ.
Дар мавриди изҳороти ахири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз расман шарҳе ироа накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала