Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тошев гуфт, нақшаи пинҳонӣ доранд ва бар тими Муғулистон пирӯз мешаванд

© ФФТ ТаджикистанаТренер сборной Таджикистана по футболу Усмон Тошев
Тренер сборной Таджикистана по футболу Усмон Тошев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Усмон Тошев мегӯяд, набудани Ҷалилов, Восиев ва Панҷшанбе ба бозии тими ӯ таъсир намерасонад, чун онҳо нақшаи пинҳонӣ доранд
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Дар толори Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозӣ миёни сармураббиёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, Усмон Тоше дар нишасти хабарӣ гуфт, дастаи ӯ ба ин бозӣ омодагии ҷиддӣ дид ва пирӯзӣ насиби онҳо мешавад.
"Тӯли якчанд рӯз аст, ки барои ин бозӣ мо омодагӣ мегирем. Хеле хушҳолам, ки мухлисонро фардо дар бозӣ хоҳем дид", - таъкид намудааст Тошев.
Ӯ гуфт набудани Искандар Ҷалилов, Фарҳод Восиев ва Эҳсони Панҷшанбе ба бозии онҳо таъсир намерасонад.
Сармураббӣ аз кӯмаки бозигари рақами 12 ва ҳамзамон нақшаи пинҳонӣ гуфта, изҳор дошт, ки пирӯзӣ бояд насиби тими милли Тоҷикистон шавад.
Иштирокчии дуюми финали Ҷоми Тоҷикистон маълум шуд
Қаблан маълум шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии худро дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуввуми Чемпионати ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи "F" бо тими миллии Муғулистон бо пероҳани ранги сурх баргузор мекунад. 
Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон фардо 25-уми март соати 18:00 доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала