Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Кам шуд: Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро гуфт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксВыдача первых патентов в Едином миграционном центре
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз аввали соли равон ба Русия ворид шудаанд, ду маротиба кам шудааст
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба камтар муҳоҷиронро сабти ном кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Монтажные работы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Маҳдудияти нав барои ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳои Русия: бе дахолати тиҷорати хурд
Ҳамин тавр, дар ду моҳи аввали соли равон Вазорат 1,083 миллион нафарро ба қайд гирифтааст.
Зимнан, дар ҳамин давраи соли 2020, 2,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки аз аввали сол ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қариб ду маротиба камтар патент дода шудааст.
112,3 ҳазор нафар хоҳиши кор дар Русияро изҳор доштанд, дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам 203,7 ҳазор муҳоҷирро ташкил медод.
Дар баробари ин, шумораи даъватномаҳои ба шаҳрвандони хориҷӣ додашуда коҳиш ёфта, имсол 15,8 ҳазорро ташкил дод, дар ҳоле, ки соле пеш ин рақам ба 56 ҳазор баробар буд.
Вакили Думаи давлатӣ гуфт, кай Русия марзро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик мекушояд
Додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ низ коҳиш ёфтааст. Имсол 17 ҳазор муҳоҷир дархости иҷозати иқомати муваққатиро пешниҳод карданд; як сол қабл беш аз 26 ҳазор нафар чунин хоҳиш доштанд.
Ёдовар мешавем, ки як сол боз марзҳои Русия барои бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ баста аст. Моҳи марти соли гузашта Федератсияи Русия парвози ҳавопаймоиро бо ҳама кишварҳо қатъ кард ва танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони худ парвозҳои вижа роҳандозӣ кард.
Коренев пешгӯӣ кард, ки кай барои муҳоҷирон дар Русия ҷойҳои корӣ зиёд мешавад
Дар натиҷа, вуруди муҳоҷирон, махсусан аз кишварҳои ҳамсоя, хеле коҳиш ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала