Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Зани тоҷикро гӯш кунед": дастгирии "ВКонтакте" аз Манижа Сангин

© Eurovision Song ContestКадр видео Manizha - Russian Woman
Кадр видео Manizha - Russian Woman - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Замоне, ки вакилони Думаи давлатии Русия ҳар як гуфтори Манижа Сангинро ба чолиш мекашанд, шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" аз ӯ ҳимоят мекунад
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" барои дастгирии Манижа Сангин, ки Русияро имсол дар Евровидение намояндагӣ мекунад, тарҳе роҳандозӣ кард.
Ин шабакаи иҷтимоии машҳур, дар ҳамаи билдборҳои ду шаҳри бузурги Русия - Маскав ва Санкт-Петербург барои сохтани образи мусбӣ тарҳе роҳандозӣ кард.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от MANIZHA (@manizha)

"Зани русро гӯш кунед. Зани тоҷикро гӯш кунед. Зани урупоиро гӯш кунед. Зани боистеъдодро гӯш кунед. Зани ҷасурро гӯш кунед. Ҳар як занро гӯш кунед", - омадааст дар навиштаҷоти ин шабака.
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 панҷ миллион бинанда гирифт
Дар шарҳи ин тарҳ Манижа гуфтааст, ки ҳар яки мо ҳуқуқи овоз додан дорем ва барои дастгирӣ аз шабакаи "ВКонтакте" изҳори сипос кардааст.
Ӯ мегӯяд, "мо бо фикре ба Евровиденеи меравем, ки дар кишвари мо одамони ҷасуру меҳрубон хеле зиёданд ва танҳо бо ин роҳ мо метавонем пирӯз шавем".
Ёдрас мешавем, Манижа Сангин, ҳунарманди тоҷиктабори Русия дар рафти интихоби миллӣ дар шабакаи аввали Русия пирӯз шуд. Ӯ дар  озмуни  Евровидении-2021 таронаи Russian Woman-ро иҷро мекунад, ки бо забони англисӣ ва русӣ суруда шудааст.
Муаллифи тарона худи Манижа аст.
"Бо парчами мо баромад накунад"! интиқоди тунди вакили рус аз Манижа
Ба қавли ҳанарманд, дар тарона дар бораи таҳвили худогоҳии зани рус тайи чанд қарн гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала