"Бо парчами мо баромад накунад"! интиқоди тунди вакили рус аз Манижа

© Sputnik / Евгений БиятовПевица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве
Певица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Елена Драпенко, муовини аввали раиси Думаи давлатӣ оид ба фарҳанг, қатъиян муқобили баромади Манижа дар озмуни "Евровидение - 2021" аз номи Русия аст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Елена Драпенко вакили Думаи давлатӣ дар мусоҳиба бо Sobesednik.ru изҳор намудааст, ки қатъиян муқобили баромади Манижа Сангин овозхони тоҷики муқими Русия дар "Евровидение - 2021" аст.
Ӯ ҳамчунин талаб намудааст, ки ин ҳунарманд бо парчами Федератсияи Русия дар мусобиқаи мазкур баромад накунад.
"Қаҳрамонҳои олимпии мо бидуни парчами Русия баромад мекунанд, пас чаро овозхонҳои номаълум зери парчам ҳунарнамоӣ кунанд. Фикр мекунам мо бояд аз иштироки Русия ҳамчун давлат дар ин чорабинӣ даст кашем", - талаб намудаст вакил.
Драпенко аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки чаро бисёриҳо ӯро дастгирӣ намуданд, дар ҳоле ки ӯ номзади беҳтарин барои намояндагӣ кардани Русия дар ин мусобиқа нест.
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 панҷ миллион бинанда гирифт
Ба гуфтаи вакили рус, аз номи ин кишвар бояд ба Роттердам гуруҳи Little Big, ки соли гузашта интихоб шуду ба далели пандемия коронавирус мусобиқа лағв гардид, сафарбар мешуд.
Мунаққиди мусиқӣ шарҳ дод, ки чаро Манижа ба Евровидение меравад, на Панайотов
Ёдрас мешавем, Манижа Сангин, ҳунарманди тоҷиктабори Русия дар рафти интихоби миллӣ дар шабакаи аввали Русия пирӯз шуд. Ӯ дар  озмуни  Евровидении-2021 таронаи Russian Woman-ро иҷро мекунад, ки бо забони англисӣ ва русӣ суруда шудааст.
Муаллифи тарона худи Манижа аст. Ба қавли ҳанарманд, дар тарона дар бораи таҳвили худогоҳии зани рус тайи чанд қарн гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0