Қарзи ИМА аз ҳаҷми иқтисодаш зиёд шуд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузаштан ба хазинаи аксМонеты различного номинала Монетного двора США на фоне банкноты номиналом 1 доллар США
Монеты различного номинала Монетного двора США на фоне банкноты номиналом 1 доллар США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Қарзи миллии ИМА аз 28 триллион ва ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гузашт, ки ба гуфтаи коршиносон пайомадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Наталя Дембинская. Барои мубориза бо пандемия, мақомоти Амрико маблағҳои ҳангуфт сарф карданд, аммо дар буҷа маблағи кофӣ нест, онҳо маҷбур буданд аз бозор маблағ ҷалб кунанд.  Дар натиҷа, қарзи давлатии ба 28 триллион доллар расид - ин аз ММД ИМА зиёд аст. Оё ин қадар қарз гирифтан мумкин аст ва чӣ паёмад дорад, дар маводи РИА Новости хонед.

Чоҳи қарз

Иёлоти Муттаҳида пас аз бӯҳрони соли 2008 беш аз пеш ба қарз ғӯтидааст. Дар аҳди Обама, ӯҳдадориҳои қарзии ИМА нӯҳ триллион, дар замони Трамп боз ҳафт триллион зиёд шуданд. Дар соли 2018, ин аллакай 78% ММД-ро ташкил медод - ин сатҳе, ки Бонки Ҷаҳонӣ онро хатарнок меномад.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Мушовири собиқи президент: бо сабаби хатоҳои Байден, ҳама ИМА-ро тамасхур мекунанд
Тибқи пешгӯиҳо, қарзи миллӣ мебоист дар даҳ сол аз ҳаҷми иқтисоди ИМА зиёд мешуд. Аммо ин хеле пештар рух дода буд  ва сабабаш пандемияю хароҷоти бузурги дастгирии иқтисоди миллӣ мебошад.
Тибқи ҳисобҳои мустақил, мақомот соли гузашта ба иқтисодиёт тақрибан 9 триллион доллар ворид карданд. Чунин ба назар мерасад, ки роҳбари захираҳои федералии ИМА, Ҷером Пауэлл инро мушкили калон намешуморад.
"Қарзгирии азим дар давраи пандемия ҳамчун пуле аз болои ҷарии иқтисодӣ хидмат мекард: карантинҳо, коҳиши хароҷоти истеъмолкунандагон, бекормонии киштиҳо, меҳмонхонаҳои холӣ ва миллионҳо бекорон. Қарзҳои арзон имкон доданд, ки пул ба кормандон пардохт шаванд, дороиҳоро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шаванд. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва ба коргарони ихтисоршуда пардохт гардиданд, то онҳо тавонанд хароҷоти худро пардохт кунанд ва хӯрок бихаранд", - мегӯяд ӯ.
Аммо, ба гуфтаи раҳбари пешини Вазорати молия, Ларри Саммерс, ҳавасмандкунӣ аз ҳад зиёд буд.
 "Сиёсатмадорон мубориза бо коронавирусро бо хароҷоти низомӣ, рехтани триллионҳо ба иқтисод муқоиса карданд. Даромади харобшудаи буҷа касеро ба ташвиш наовард", - гуфт ӯ.

Боз бештар

Дар ҳоле, ки вазъи пур кардани буҷа бадтар мешавад, боз қарз гирифтан ноггузир мебошад. Касри бузурги буҷа асосан аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ пӯшонида мешавад. Дар соли молиявии 2020 (30 сентябр ба охир расид), каср беш аз се маротиба афзуда, ба 3,1 триллион доллар расид. Ва ҳангоме ки тамоми чораҳои мубориза бо коронавирусро "ҳисоб мекунанд", он ба чор триллион хоҳад расид. Ва бе қарзҳои нав илоҷи дигаре нахоҳад буд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Суҳбати Карзай: аз тарҳи ИМА то дӯстию душмании Покистон ва пешниҳоди Русия - видео
Мувофиқи маълумоти Кумитаи масъули буҷаи федералӣ, бо барқароршавии сусти иқтисодӣ пас аз пандемия, қарз то  117% ММД дар соли 2025 хоҳад расид. То ба ҳол, ин боиси нигаронии сармоягузорон намешавад ва Иёлоти Муттаҳида бештар ва пештар қарз мегирад, чун он арзон аст.
"Ҳукумат коғазҳои қиматноки хазинадорӣ - векселҳо ё вомбаргҳо бо мӯҳлати гуногунро мебарорад. Ва бозор амалан бепоён аст, зеро он дороиҳои бехавф ба ҳисоб меравад", - мегӯяд The ​​Wall Street Journal.
Тавре ки сенатор Ҷон Тюн қайд мекунад, "мо ҳоло бо масъалаи қарзгирӣ алахусус нигарон нестем." Далел ин аст, ки фоизҳо паст аст. "Пул ба назарам ройгон аст. Аммо ин тавр нест, чун онро баргардондан лозим мешавад", - таъкид мекунад конгрессмен.

Баъд чӣ мешавад

JP Morgan Asset Management мефаҳмонад, ки на худи қарз, балки арзиши хидматрасонии он муҳим аст.
"Бо вуҷуди афзоиши шадид, хидматрасонии ӯҳдадориҳои қарзӣ ҳоло нисбат ба масалан, дар миёнаи солҳои 90 ва  аввали солҳои 2000, вақте ки қарз аз 50% ММД камтар буд ва ҳукумат бо профисити буҷа кор мекард, ҳоло хеле арзонтар аст", - таъкид мекунанд таҳлилгарони бонк.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Таҳримҳои "шадид": ИМА мехоҳад қарзи миллии Русияро ба даст гирад
Агар меъёрҳо баланд шаванд (ва ин вақте ки бӯҳрон хотима хоҳад ёфт, интизориҳои рушди иқтисодӣ ва афзоиши таваррум дар инҷо омилҳои ҳалкунанда мебошанд), пардохтҳои холиси фоиз нисбат ба ММД аз 1,3% -и кунунӣ то 3,2% зиёд мешаванд. Ин вазъ то андозае фарқ мекунад. Тибқи баъзе ҳисобҳо, соли 2028 амрикоиҳо танҳо панҷяки буҷаи давлатро барои фоизи қарз сарф хоҳанд кард.
Гузашта аз ин, тақрибан нисфи қарзи давлатии ИМА ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқ дорад, дар ҷои дуюм дар байни кредиторон Чин ҷойгир аст. Пекин 1,1 триллион доллар вомбаргҳои хазинадорӣ дорад ва гоҳ-гоҳ таҳдид мекунад, ки онҳоро мефурӯшад. Агар чунин сенария амалӣ карда шавад, Хадамоти федералии захираҳо аз бозор бо мақсади паст нигоҳ доштани меъёрҳо ва арзиши хидмати қарзҳо коғазҳои қиматнокро мехарад.
Аммо ин танҳо таъсири кӯтоҳмуддат хоҳад дошт. Дер ё зуд сармоягузорон эътимодро ба қобилияти ҳукумати ИМА оид ба баргардонидани маблағҳои қарзӣ гум мекунанд, ба фурӯши коғазҳои қиматнок шурӯъ мекунанд ва фоизи баландтарро талаб мекунанд. Ин оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала