Раҳмон дар Бохтар Коллеҷи тиббиро ифтитоҳ кард: оилаи Соҳибовҳо сохтанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон исрӯз дар доираи сафари корӣ озими шаҳри Бохтар шуд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ оғоз ёфт.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коллеҷи мазкурро оилаи Соҳибовҳо сохтанд.
Гуфта мешавад, ин хонавода бинои кӯҳнаи хонаи маишии “Саодат” -ро дар муддати 2 моҳ таҷдиду навсозӣ намуда ба Коллеҷи тиббӣ онро табдил доданд.
Манбаъ меафзояд, зимни шиносоӣ аз шароити таълимии Коллеҷи тиббӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Соҳибовҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод.
“Коллеҷ аз руи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати умумӣ ва тиббию ташхисӣ мутахассисони сатҳи баландро омода мекунад”,
Қабули довталабон ва кори мунтазами коллеҷи тиббӣ аз мохи июни соли 2021 оғоз гардида, таҳсилот тариқи шартномавӣ сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала