Кӣ равобити Русия ва Иттиҳоди Аврупоро халалдор кард? навори посухи Лавров

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, муносибати Русия ва Иттиҳоди Аврупоро кӣ халалдор кард
Иттиҳоди Аврупо муносибатро бо Русия хароб кард, гуфт Сергей Лавров пас аз гуфтушунид бо ҳамтои чиниаш Ван.И.
Ба гуфтаи роҳбари Вазорати умури хориҷаи Русия, танҳо чанд кишвар боқӣ мондаанд, ки бо Маскав равобит доранд, боқимондаҳо тамоми механизми муносибатро вайрон карданд.
"Мехостам бори дигар таъкид намоям, ки бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як ташкилот ҳеҷ муносибате (мо) вуҷуд надорад.Тамоми инфрасохтори ин равобит бо тасмимҳои якҷонибаи Брюссел хароб шуд", - таъкид кард Лавров.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки "агар аврупоиҳо, аз ҷониби худ, бартараф кардани ин номутаносибиро дар тамос бо ҳамсояи калонтаринашон мувофиқи мақсад шуморанд, албатта, мо омодаем дар асоси баробарӣ,дар асоси ҷустуҷӯи тавозун ва манфиатҳо, муносибатро таҳким диҳем".
Гурущи щамлагари Су-25СМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2015
ИА алайҳи Русия таҳримҳои нав эълон нахоҳад кард
Бояд гуфт, ки муносибатҳои ИА ва Русия аз соли 2014 инҷониб муташанниҷ боқӣ мемонанд. Вақтҳои охир ин муносибатҳо дар робита ба қазияи Навалний боз сардтар шуданд.
Брюссел чанде пеш эълон кард, ки алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мешавад. Маскав ин тасмими Брюсселро "роҳи бунбасти сарбаста" номид ва ваъда дод, ки ҳатман посух медиҳад.
Бо вуҷуди ин, Маскав борҳо қад намуд, ки омодааст бо ИА муколама барқарор кунад, аммо Брюссел дар ин роҳ шитобкорӣ намекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала