Чаппа шудани минбар бо 1500 тамошобин ба навор афтод - видео

Обуна шудан
Дар паи чаппа шудани минбар наздики сад нафар маҷрӯҳ шуд. Хушбахтона касе ба ҳалокат нарасид. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин иншоот барои чунин теъдод пешбинӣ нашудааст
Ин ҳодиса дар шаҳри Суряпети Ҳиндустон дар маросими ифтитоҳи чемпионати миллии кабаддӣ, бозии маъмули дастаӣ дар ин кишвар бо унсурҳои гӯштингирӣ гузаронида мешавад рух дод, менависад India Today.
Герой спасает Ребенка от падения с 12 этажа во Вьетнаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Ронанда кӯдаки аз ошёнаи 12 -ум сарозершударо наҷот дод — видео
Пас аз чанд дақиқаи оғози бозӣ, минбар чаппа шуда ба замин афтид.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар он тақрибан 1500 тамошобин нишаста буданд.
Гуфта мешавад, ки ин теъдод аз меъёри иҷозатдодашуда зиёд аст.
Тақрибан сад тамошобин дар паи чаппа шудани минбар маҷрӯҳ шуданд, хушбахтона касе ба ҳалокат нарасид.
Мақомоти полис сабабҳои фурӯравиро тафтиш мекунад.
Лентаи хабарҳо
0