“Чеҳраи ҷанҷолӣ”: Шафиъ Айёр чаро ба Тоҷикистон омад?

© Sputnik / Shafi KarimiПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Шафиъ Айёр, нависанда, блогер ва сиёсатмадори маъруфи Афғонистон, гуфт, ки чаро ба Тоҷикистон омадааст. Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ омадааст, то Фаҳими Фаноро ба хориҷ бубарад ва ҳам дар Тоҷикистон як конфронси бузурги созмони “Об” – ро баргузор кунад
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Шафиъ Айёр гуфт, бо далоили зиёде вориди Тоҷикистон шудааст, қабл аз ҳама, дидор аз Тоҷикистон, ки муҳаббате беандоза ба ин кишвар дорад.
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Вокуниши Эрон ба изҳороти раисҷумҳурии Афғонистон
“Яке ин ки бахя кунем худро ба ҳам ва бидӯзем худро ба ҳам. Солҳоеро, ки дур мондем, онро ба ҳам   наздик созем, то ки дар сояи якдигар мардумони хушбахту ором бошем. Ман мефаҳмам, ки ин мамлакат сарчашмаи Балхи ман ва Балхи ман сарчашмаи ин мамлакат аст”, - гуфт Шафиъ Айёр.
Шафиъ Айёр як шахсияти маъруф дар Афғонистону хориҷ аз он, аз ҷумла Тоҷикистон буда, 19 марти соли равон аз Амрико ба Душанбе омада, то ин лаҳза бо аҳли зиёву сиёсатмадорони тоҷик мулоқот анҷом додааст ва аз Қалъаи Ҳисору оромгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти тоҷику форс дидан кардааст.
Аммо қабл аз сафари ӯ ин шоеаҳо вуҷуд доштанд, ки ҳадафи сафари ӯ ба Тоҷикистон заминасозии фирори Фаҳим Фано, овозхони ҷавони Афғонистон ба кишварҳои Аврупо ё Амрико ва ҳам баргузории конфронси созмони “Об” аст.

Оббозӣ ёд гирад  

Фаҳим Фано яке аз се даъвогарони озмуни “Абарситора” дар телевизиони “Тулӯъ” – и Афғонистон буд, ки дар пайи ихтилофҳояш бо Ориёно Саид, як зани овозхон ва узви жюри, мавриди таҳдиду фишор қарор гирифт ва аввали моҳи март ба Тоҷикистон фирор кард.
 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Дар Аморот атреро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд тавлид карданд
Шафиъ Айёр ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин маврид гуфт, Фаҳими Фано дар Афғонистон мазлум воқеъ шуда буд, ки мутаассифона, на аз тарафи муллоҳо, балки аз тарафи касоне, ки худро бонии ҳуқуқи зан, пуштибони ҳуқуқи инсон мегиранд ва ҳунару мусиқиро зоҳиран парвариш мекунанд. 
“Мо наметавонистем таҳаммул кунем. Он нафаронро аз мӯяшон гирифта, пас кардем. Фаҳими Фаноро аз зери пояш баланд кардем. Зиндагии ӯ зери хатар буд. Биноан, аз он ҷо берун кардем ва овардем ба ин мамлакати ҳамзабон ва тоҷики худаш. Хотири мо ором шуд, ки Фаҳими Фано дар мушкил нест. Ин як далели омадани мо буд”, - гуфт Шафиъ Айёр.
Дар посух ба ин суол, ки оё Фаҳими Фаноро бо худ хоҳад бурд, шӯхиомез посух дод: “Фаҳими Фаноро мегузорем, ки ин ҷо оббозӣ ёд бигирад”.

Забони саввум

Шафиъ Айёр як соли қабл тариқи шабакаи худ дар “Ютуб” аз таъсиси созмони “Об” хабар дода, ду моҳи пеш эълон карда буд, ки конфронси онро дар Тоҷикистон ё кишвари дигар  ё ягон кишвари дигар баргузор мекунад. Созмони “Об”, як иттиҳоди равшанфикрон ва мунтақиди ҳукумати Афғонистон аз ҷумлаи зодагони ин сарзамин дар саросари дунё аст, ки дар Аврупо ва Амрико низ ҷаласаҳо барпо карда буд.
Шафиъ Айёр ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин бора гуфт, ягон тавофуқе бо мақомоти Тоҷикистон дар ин бора накардааст, аммо ба эҳтимоли ағлаб, ин ҷо он конфронсро барпо хоҳанд кард.
Площадь Дусти в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Шафиъи Айёр ва Фаҳими Фано дар Тоҷикистон: яке, меҳмон, яки дигар - фирорӣ
“Мо мехоҳем, ки ба “забони саввум” – и мардуми Афғонистон табдил шавем. Дар Афғонистон зоҳиран ду ҷиҳат ба ҳам меҷанганд, ки яке, ҳукумат аст ва яке ҳам, Толибон. Аммо мушкили мамлакати мо ин аст, ки инҳо дарди мардумро дарк намекунанд, дар синаи мардум ханҷар меравад, оҳ мекашад, ҳатто оҳашро ҳам зиддиқонунӣ медонанд. Аз ин хотир, зарур аст, ки мардумҳои Афғонистон аз пойин ба по бихезанд ва ба садои худ, ба садои саввум барои озодиву ободии маллакати худ табдил шаванд. Мо мехоҳем, ки ин ҳаракат ҷон бигирад ва ба амвоҷи бузург табдил шавад”, - гуфт сиёсатмадор.
Шиори созмони “Об” - “Як қатра ту, як қатра ман!” буда, ба қавли муассисаш, ҳадаф дорад, қатра – қатра дарё шуда, сӯи ватани худ равад ва онро ободу шодоб гардонад.
“Мо мехоҳем, ки дар мамлакатамон як ҳукумат бар асоси адолати иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд. Бинии баланди ман набояд бинии пасти ҳазораро аз қудрат пас кунад. Лунгии як одам набояд боиси пӯшидани чодарии як одами дигар шавад. Як чиз набояд сари дигаре таҳмил шавад. Ҳама як ҳақ ва як масъулиятро дошта бошанд. Бояд аз рӯи ҷилд (пӯст)-и мо, аз рӯи лисони мо, аз рӯи минтақаи мо, касе моро дар ҳукумат шомил накунад ё пас накунад”, - гуфт Шафиъ Айёр.
Созмони “Об” дар шаҳри Сан-Ремои Калифорния мустақар буда, маъмурияти худро фароҳам овардани донишу омӯзиши мардум дар заминаи тавсеаи сулҳ ва саодат унвон кардааст ва мухолифи ифротгарову тарафдори мадоро ва ҳамзистӣ мебошад.

Сулҳи пӯшолӣ

Ин сиёсатмадори маъруф мегӯяд, раванди сулҳ дар Афғонистон 40 сол аст, ки идома дорад, аммо чизе, ки ҳамеша баранда буда, ҷанг буда, на сулҳ.
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Нашри китоби Зарёб дар Душанбе - тӯҳфаи Ато Муҳаммади Нур ба китобдӯстон
“Ин раванди сулҳе, ки 40 сол ба ин сӯ идома дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷа намедиҳад. Агар ягон сулҳи пӯшолӣ ҳам ояд мумкин аст, аммо то ин сулҳ зербиноӣ нашавад, дар асоси як фаҳм ба вуҷуд наояд, сулҳ намешавад. Дар Афғонистон моро масруфи ҷангҳои мазҳабӣ, забонӣ ва қавмӣ сохтаанд, то худ бар вазъ ҳоким бошанд. Аз ин хотир, вақте мо оҳ мекашем, ба онҳо намерасад, чун зиндагиашон хуш аст”, - гуфт Шафиъ Айёр.
Музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ҳудуди 9 моҳ дар Доҳа, пойтахти Қатар идома дошт. Нишасти охирин моҳи равон дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд. Қарор аст моҳи апрел дар шаҳри Истамбули Туркия нишасти охирин иттифоқ афтад.
Шафиъ Айёр соли 1961 дар минтақаи Пағмони вилояти Кобул таваллуд шуда, бахши пизишкии Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст. Дар соли 1985 вай аз Афғонистон ба Амрико фирор намуда, шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардааст. Ӯ панҷ китоб навиштааст: “Ҳамосаи имон”, “Панҷаҳои хунин”, “Наврӯзатон пирӯз”, “Афғонистон - ҷиҳод ва сулҳ”  ва “Қалбу зеҳнҳои афғон”.
Ӯ муҷрии як барномаи бисёр маҳбуб ва ҷанҷолӣ дар “Ютуб” ба номи “Shafie Ayar Show” аст, ки дар он аз ҳукумати Афғонистон ва муллоҳои тундрави кишвараш интиқод мекунад.
Лентаи хабарҳо
0