Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ду занро пахш карда кушт: боздошти донишҷӯи тоҷик дар Маскав – навори бозпурсӣ

© Пресс-служба МВД РоссииЗадержан Х. Сомон, предполагаемый виновник ДТП на севере столицы
Задержан Х. Сомон, предполагаемый виновник ДТП на севере столицы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Дар Маскав бо иштироки донишҷӯи тоҷик як садамаи мадҳуш сурат гирифт. Ҷавони тоҷик дар як садама ду занро пахш кард, ки дар натиҷа онҳо ба ҳалокат расиданд. Боздоштшуда гуфтааст, ки садама ба сабаби аз кор мондани тормози мошинаш сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Шоми 23 март дар шаҳри Маскав як садамаи мадҳуш рух дод – ронанда таҳти идораи автомашинаи Мерседес дар роҳрав ду занро пахш намуд ва сипас аз ҷои ҳодиса фирор кард. Пеш аз ҳодиса мошини ҷавони тоҷик аввал ба як мошини дигари сабурав бархурда, сипас ду пиёдагардро пахш намудааст.
Каршеринговый автомобиль попал в ДТП  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2020
ВКД-и Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳои Осиёи миёна бештар садама мекунанд
Садамаи мазкур дар чорроҳаи кӯчаи Пулковская ва Конаковскии шаҳри Маскав рух додааст.
Дар аввал дар бораи ин садама маълумотҳои гуногун мавҷуд буд: синну сол ва ҳолати қурбониён мухталиф буданд. Шахсияти ҷавоне, ки паси чамбараки мошин нишаста буд, муддати тӯлонӣ низ маълум шуд. Дар натиҷа ҳарду зане, ки зери чархи мошин монданд аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расиданд.
Дар аввал гумонбари садамаи маргбор соҳиби мошин Сидиқшоҳ Раҳматов дониста шуд. Аммо, ҷавон пинҳон нашуду бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ кард. Зимни тафтишот маълум шуд, ки Сидиқшоҳ Раҳматов пас аз маҳрум шудан аз шаҳодатномаи ронандагӣ, моҳи декабр мошинашро ба дӯсташ Ҳусейни Сомон фурӯхтааст.
Бархе аз расонаҳо, бахусус  "Комсомольская правда", бо такя ба манобеи худаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дод, ки шахсияти ин ҷавон, ки ду занро дар як садама дар шаҳри Маскав ба қатл расонидааст, маълум шуд – ӯ тоҷик будааст.
Гуфта шудааст, ки тақрибан пас аз як рӯз, Сомон, ки аз полис пинҳон шуда буд, пайдо шуд. Вазорати корҳои дохилӣ навори бозпурсиашро нашр.
Ҷавон ба гуноҳи худ иқрор шуд ва гуфт, ки ӯ бо рафиқаш аз тарабхона баромаданд ва савори автомашина шуданду ҳаракат карданд, аммо баъдан тормозҳои мошин аз кор монд ва ба ҳамин сабаб онҳо дучори садама шуданд.
Тибқи иттилои расонаҳо, сарфи назар аз он, ки ҷавон "воқеан мехост ба идораи пулис худаш ҳозир шавад", пас аз садама ӯ на ба беморхона, балки ба шаҳри Зеленоград рафтааст ва сипас кӯшиш кардааст дар хонаи рафиқаш дар шаҳри Клин пинҳон шавад. Кормандони пулиси Русия ӯро дар хонаи ҳамон рафиқаш пайдо намуда, боздошташ карданд. 
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала