Иштироки ду паҳлавони номдори тоҷик дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam”-и Гурҷистон

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон мусобиқаи байналмилалӣ гуштини дзюдо таҳти унвони “Tbilisi Grand Slam” баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Бино бар иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон мусобиқаи мазкур дар Гурҷистон аз санаи 26 то 28  марти соли равон баргузор хоҳад шуд.
Комроншохи Устопириен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2020
Ҷарроҳии Комроншоҳи Устопириён дар Туркия
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни – 60 кг. ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни – 90 кг. намояндагӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ҳамчунин  дар ин мусобиқа иштироки 501 варзишгар  аз ҷумла, 273 мард ва 228 зан аз 82 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои – 60кг, -66кг. миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.
Дар рӯзи дуюм паҳлавонони  вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 28  март бо қувваозмоиҳои вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.
Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал — 1000 имтиёз, дуюм — 700 имтиёз ва сеюм — 500 имтиёз дода мешавад. Инчунин беҳтаринҳои мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ҳар як вазн ба ғолиби ҷойи якум 5000 доллар, ҷойи дуюм — 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала