Дуоҳои бад: Манижа гуфт, чаро қариб аз ширкат дар Евровидение даст мекашид

© AFP 2023 / KIRILL KUDRYAVTSEVПевица Manizha Манижа Сангин (Хамраева)
Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Манижа нақл кард, ки ба кадом таҳдидҳои нохуш рӯбарӯ шуд ва кор то ҷое расида буд, ки қариб аз ҳуқуқи ширкат дар Евровидение - 2021 даст мекашид
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Пас аз пирӯзӣ дар давраи интихобии Евровидение - 2021 бо таронаи "Зани рус" Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистони Русия ба интиқодҳои тунд ва ҳатто таҳдидҳо рӯбарӯ шуд.
Дар бораи он ки чигуна бо онҳо мубориза мебарад ва дақиқан чӣ менависанд, Манижа ба BBC нақл кардааст. 
"Маро аз он меҳаросам, ки асоси нақд, бо тарона рабт надорад, бо овози ман ва ё намуди зоҳирии ман рабт надорад. Инро метавонистем баррасӣ кунем, зеро ман ҳунармандам ва ин кори ман аст", - таъкид мекунад Манижа.
Виталий Милонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Шарти вакили Думаи Русия: Манижа пирӯз шавад, 400 ҳазор рубл маошамро хайр мекунам
Ба гуфтаи вай, тааҷҷубовараш аз паёмакҳо дар мавриди он аст, ки ӯ зодаи дигар кишвар асту бо таронаи Russian Woman наметавонад Русияро муаррифӣ кунад. Аммо ба ин ҳам метавон аҳамият надод.
Манижа таъкид мекунад, ки кораш дуруст аст. Зеро мушкилии ксенафобия дар тамоми ҷаҳон ба назар мерасад ва феълан вазифаи асосии овозхон "ба ҳама нишон додани он ки мо ҳама як ҳастем" мебошад.
"Даркаш мушкил аст, ки касе метавонад то ҳамин дараҷа туро бад бинад", - таъкид кардааст овозхону паёмакҳои бадбинонашро мисол овардааст.
Масалан, ба наздикӣ ба ӯ паёмаке расид, ки як зан дуои бад кардааст, ки "ҳавопаймои Манижа дар роҳ ба Роттердам суқут кунад".
Овозхон ҳатто изҳор доштааст, ки агар намефаҳмид, ки новобаста аз ин ҳама, бисёранд нафароне ки дастгирияш низ мекунанд, аз ширкат дар Евровидение-2021 даст мекашид.
Манижа мегӯяд, чунин нафарон хело зиёданд ва ин ба вай нерӯ мебахшад.
Илова бар ин, танҳо пас аз як рӯзи пирӯзиаш дар давраи интихоботӣ дар Русия сафи аъзоёнаш дар Инстаграм ба 100 ҳазор нафар афзуд, ки ин бозгӯи бисёр чизҳо мебошад.
Манижа сирри пироҳанаш барои Евровидениеро ифшо кард: он аз тамоми Русия гулчин шудааст
"Ман инсони оддиям. Ман инсонам. Мефаҳмед? Ман ҳам ҳисиёт дорам ва албатта чунин андешаҳо низ доштам, ки аз ширкат дар Евровидение даст кашам, аммо акнун ман дастгирии калон низ дорам", - таъкид кардааст вай.
"Ман мегӯям, ки ман ба саҳна мебароям, ба саҳна мебароям ва кори худро анҷом медиҳам", - таъкид кардааст дар анҷом Манижа Сангин.
Лентаи хабарҳо
0