Домодҳо аз арӯсҳо бисёр: дар Маскав бештар аз ҳама зодагони Тоҷикистон хонадор мешаванд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешТаджикская свадьба в Москве Хангомы и Халима
Таджикская свадьба в Москве Хангомы и Халима - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Дар шӯъбаҳои САҲШ-и Маскав дар соли 2020 450 никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бештарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар Маскав дар соли 2020 бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд, хабар медиҳад хадамоти раёсати САҲШ-и пойтахти Русия.
Дар умум, бино бар омор, дар соли гузашта 450 ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуд. 
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Кам шудаст: чаро занони тоҷик дигар ба хориҷиҳо шавҳар намекунанд
Бештар аз ҳама дар Маскав бештар шаҳрвандони Тоҷикистон, Украина ва Озорбойҷон ақди никоҳ бастаанд, аз кишварҳои хориҷи дур - Нигерия, Туркия, Ветнам, Британияи Кабир ва Афғонистон мебошанд. 
Дар ҳамин ҳол, арӯсон бештар аз кишварҳои Укроина, Қирғизистон, Белорус ва Ветнам, Нигерияву Амрико будаанд. 
Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли 2019 никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ то 2 дар сад коҳиш ёфтааст. 
Ҳамчунин кормандони шӯъбаҳои САҲШ таъкид мекунанд, ки домодҳои хориҷӣ аз арӯсҳо бештаранд - ҳудуди 5 ҳазор мардони хориҷӣ ба шаҳрвандони Русия хонадор шудаанд. Бештар аз 3,5 ҳазор арӯсони хориҷӣ бошанд, ба шаҳрвандони Русия шавҳар кардаанд.
Як соли зиндагии Светлана ва Довуд: шавҳари тоҷик ҳаёти рӯзноманигори русро тагу рӯ кард
Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар 12 соли охир шумораи никоҳи занҳои тоҷик бо хориҷиён то чор баробар кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала