Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Русия парвозҳо бо Тоҷикистонро барқарор мекунад

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-TAJ, Boeing 737-93Y ERСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Русия пас аз як соли марзбандӣ парвозҳо бо Тоҷикистонро барқарор мекунад. Муҳоҷирон ҳамакнун метавонанд бе мамоният ба Тоҷикистон ё ба Русия парвоз кунанд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Русия якбора ҳаракати ҳавоӣ бо шаш кишварро аз сар мегирад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар ситоди фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавирус дар қаламрави Федератсияи Русия хабар доданд.
Маълум шуда, ки қарори барқарор кардани парвозҳоро сарвазири кишвар Михаил Мишустин тасдиқ кардааст.
Ҳамин тавр, аз 1 апрел Русия ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро барқарор мекунад.
"Ситоди фаврӣ барои пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русия бо мувофиқа бо сарвазир Михаил Мишустин қарор қабул кард, ки парвозҳо бо Олмон, Венесуэла, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка аз моҳи апрел барқарор карда шавад", - изҳор доштанд намояндагони Ситоди фаврӣ.
Ҳамин тавр, ҳафтае як маротиба ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунанд. Инчунин, имкон аст, ҳавопаймоҳо дар тӯли ҳафт рӯз як маротиба аз пойтахти Русия ба Тошканд ва Коломбо парвоз кунанд.
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
“Роспотребнадзор” Тоҷикистонро таъриф карду рафт: роҳҳои Русия боз мешаванд?
Федератсияи Русия аллакай бо мақомоти авиатсионии Олмон дар бораи барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни Маскав ва Франкфурт мувофиқа кардааст. Ҳафтае панҷ маротиба ба шаҳри Олмон парвоз кардан мумкин аст.
Ғайр аз ин, парвозҳо ба хориҷа дубора аз Барнаул, Белгород, Волгоград, Воронеж, Калуга, Краснодар, Липецк, Налчик, Оренбург, Саратов, Сочи, Тюмень ва Южно-Сахалинск оғоз меёбанд.
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Ёдовар мешавем, ки Русия ба далели ҳамагирии коронавирус аз авохири моҳи марти соли гузашта, ҳамагуна парвозҳои байналмилалиро қатъ карда буд.
Ногуфта намонад, ки мақомоти Тоҷикистон чанд моҳ боз аз омодагии худ барои аз сар гирифтани парвозҳо бо Русия хабар дода буданд.
Шарти асосии бозкушоии парвозҳо вазъи хуби ҳамагирӣ дар кишвар гуфта шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон саз аз моҳи январи соли равон аз орӣ будани кишвар аз вируси корона хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала