Дар Тоҷикистон қурби рубл якбора паст шуд

© Sputnik / © SputnikТаджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Дар Тоҷикистон, тибқи нишондоди Бонки Миллии Тоҷикистон, қурби рубл ва евро дар баробари сомонӣ дар давоми як рӯз ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Пули миллӣ дар Тоҷикистон нисбат ба рубли русӣ ва евро мустаҳкам шуд, инро дар таблоҳои асосии Бонки Миллӣ дидан мумкин аст.
Дар давоми як шабонарӯз қурби як ҳазор рубл аз 151 то 147 сомонӣ коҳиш ёфт.
Чунин манзара бо асъори аврупоӣ низ ба назар мерасад. Тибқи қурби расмии БМТ, як евро 13,37 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Коршинос гуфт, кадом вақт бояд фавран аз доллар халос шуд
Ҳарчанд дирӯз як евро дар Тоҷикистон дар сатҳи 13,49 сомонӣ нигоҳ дошта шуд. Бояд гуфт, ки аз аввали сол евро мунтазам паст мешавад.
Аммо асъори амрикоӣ, ки як ҳафта қабл ба 11,31 сомонӣ барои як доллар боло рафт, устуворӣ нишон медиҳад.
Ҳамзамон, дар дигар бонкҳо ин қурб ва инчунин арзиши дигар асъорҳои хориҷӣ метавонанд баландтар бошанд.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъори хориҷиро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муайян мекунад.
Коршинос гуфт, ки кай долларро бояд фурӯхту ба ҷояш рубл харид
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала