Вазорати маорифи Русия: дар сурати иҷозаи вуруд ба донишҷӯён миллион мушкил пеш меояд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПассажир в защитной маске в международном аэропорту
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Коршиносони Вазорати маориф ва илми Русия изҳори умедворӣ карданд, ки Роспотребнадзор барои донишҷӯёни тоҷик барои ворид шудан ба Федератсияи Русияро иҷоза медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Иҷозати вуруд ба Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон комилан аз Роспотребнадзор вобаста аст, гуфтанд намояндагони ин ниҳод дар брифинги Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия.
Дар ҷараёни муколама намояндагони ВАО пурсиданд, ки оё ҳукме, ки намояндагони Роспотребнадзор пас аз сафарашон ба Тоҷикистон баровардаанд, маълум аст ва агар донишҷӯёни тоҷик иҷозаи вуруд ба Русияро пайдо кунанд онҳоро чӣ интизор аст?
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Вазорати маорифи Русия: донишҷӯёни тоҷик бояд аввалин шуда ба Русия бозгарданд
"Роспотребнадзор дар ин бозӣ нақши ааввалиндараҷа дорад ва мо гуфта наметавонем, ки онҳо пас аз сафари худ ба Тоҷикистон чӣ гуна хулоса баровардаанд", - гуфт намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия дар Тоҷикистон Игор Бурулко.
Вакили Думаи давлатӣ гуфт, кай Русия марзро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик мекушояд
Елена Горожанкина, муовини директори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати илм ва маълумоти олии Русия илова намуд, ки департамент интизор аст, ки Роспотребнадзор ҳукми мусбат мебарорад.
"Агар Роспотребнадзор ҳукми мусбат барорад, дар он сурат мушкилоти комилан мухталиф сар мешаванд. Ба донишгоҳҳо хабар додан, ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардан; вуруд, хариди чиптаҳо, шаҳодатномаҳо - як миллион мушкилот пеш хоҳад омад", - илова кард Горожанкина.
Коршиносон қайд карданд, ки ҳангоми додани иҷозаи вуруд ба Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон, Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, марзбонон, Вазорати нақлиёт ва Вазорати тандурустӣ ба ин масъала ҳамроҳ мешаванд.
Русия вуруд ба донишҷӯёни хориҷиро иҷозат дод: толибилмони тоҷик ба рӯйхат шомиланд ё на?
"Донишгоҳҳо на фақат дар Маскав аст, Русия бузург аст. Хеле муҳим аст, ки ҷавонон ба донишгоҳи худ бехатар бирасанд, муҳим аст, ки дар роҳ ҳеҷ бадӣ рух надиҳад", - хулоса кард Бурулко.
Лентаи хабарҳо
0