Зебинисо Рустамова: бояд барои маҳрум кардани Дилшод Назаров шикоят кард

© © Sputnik / Амир ИсаевЗебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Варзишкори маъруфи тоҷик Зебинисо Рустамова дар бораи пешниҳоди аз вазифаи Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон сабукдӯш кардани Дилшод Назаров ибрози андеша кард
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Барандаи медали олимпӣ, варзишгари маъруфи тоҷик Зебинисо Рустамова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки вазъи маҳрум кардани қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро набояд чунин гузошт.
Рустамова чорабиниҳои муосири варзишӣ ва сиёсатзадагии Олимпиадаро танқид кард.
"Пйер де Кубертен, ки Бозиҳои олимпиро эҳё кард, навиштааст, ки дар варзиш ҷойгоҳи муборизаи паси парда вуҷуд надорад, аммо солҳои охир тамоман чизи дигар рух медиҳад", -  гуфт варзишгари маъруфи тоҷик.
Вай қайд кард, ки Кодекси ҷаҳонии зидди допингии WADA, ки аз соли 2015 амал мекунад, аз 1 январи соли 2021 навсозӣ шудааст, аммо сиёсаташ тағйир наёфтааст.
Дильшод Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Роҳбари Ассотсиатсияи варзиши сабук: Дилшод Назаров бояд вазифаашро тарк кунад
"Инчунин пешниҳоде ҳаст: шояд ҳама муттаҳид шаванд, суратҳисоб кушоянд ва сипас маблағҳои худро барои шикояти шадид алайҳи маҳрум кардани Дилшод Назаров ба ҳакамии варзишии Лозанна сарф кунанд?" - таклиф кард Рустамова.
Роҳбари Ассотсиатсияи Олимпиадачиёни Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук Себастян Ко дар бораи аз вазифаи сардори Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ барканор кардани Дилшод Назаровро шарҳ дод.
"Дар мавриди истеъфои Назаров, тибқи оиннома, инро маҷлиси умумии Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ ҳал мекунад. Азбаски ҳар як федератсия худмухтор ва мустақил аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Дилшод Назаров бо ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ дорад ва аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дастгирӣ мешавад", - гуфт қаҳрамони олимпӣ.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров барои допинг ба муддати ду сол аз мусобиқоти варзишӣ маҳрум карда шуд.
Олимпийский чемпион Дильшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Дилшод Назаров ба истифодаи допинг гунаҳагор ва 2 сол аз мусобиқот маҳрум шуд
"Ҳамин тавр тавонотаринҳоро аз байн мебаранд": Зебинисо Рустамова аз Назаров ҳимоя кард
Гуфта мешавад, пас аз дубора санҷидани намунаҳои допинг аз ӯ дар ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тэгуи Куреи Ҷанубӣ, ки дар он ҷо ӯ 10 хол гирифта буд, муҷозот шуд. Дар хуни ӯ моддаи манъшудаи дегидрохлорметилтестостерон (DHCMT) ёфт шудааст, хабар дода буд ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU).
Бояд қайд кард, ки натиҷаҳои варзишгар, ки тӯли ду сол аз 29 августи 2011 то 29 августи соли 2013 нишон дода буд, бекор карда мешаванд. Вай инчунин аз 24 сентябри соли 2019 сар карда, барои ду сол аз мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум карда шуд.
Варзишгар ягон медали олимпии худро аз даст надод, аммо бинобар маҳрум шудан, ӯ Олимпиадаи соли 2020 дар Токиоро, ки моҳи июли соли 2021 оғоз мешавад, аз даст дод.
"Варзиш ба сиёсати ифлос табдил шуд": интиқоди варзишгарони тоҷик аз қазияи Назаров
Худи Назаров дар вокунишаш ба ин тасмим гуфт, ҳама талошҳояш барои рафъи иттиҳомот натиҷа надоданд ва мақсади ягона дур сохтани ӯ аз Олимпиадаи Токиё буд, зеро дар майдон ҳарифе пурқувваттар аз ӯ набуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала