Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Нахустин нишасти роҳбари ИМА зери таҳдид: Байден боз фаромӯш кард, ки ба куҷо рафт

© AFP 2021 / CHIP SOMODEVILLAПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Президенти ИМА Ҷозеф Байден боз ба ҳолати ногувор дучор шуд: маълум гардид, ки ӯ ба нахустин нишасти матбуотиаш каме омода нест
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Президенти ИМА Ҷозеф Байден боз ба ҳама "роҳбари ҷаҳонии тавоно ва қавӣ" буданашро нишон дод.
Маҳз дар ҳамин рӯз, 25 март роҳбари навинтихоби ИМА бояд нишасти матбуотӣ баргузор мекард. 
Аммо чанд соат пеш аз оғози нишасти матбуотӣ, вақте Байден бо рӯзноманигорон дар Қасри сафед вохӯрӣ анҷом дод, ӯ боз роҳашро гум кард ва фаромӯш намуд, ки ба куҷо омад.
"Мо сари кор мегузарем ва.... эм-м-м...Рон, ман бояд ба кӣ муроҷиат кунам?", - гуфт раисҷумҳури Амрико. Ин навор мустақим ба телевизиони Fox News рафт.
Роҳбари дастгоҳи Қасри сафед Рон Клайн дарҳол тамоми намояндагони  расонаҳоро аз толор берун кард.
Ин аллакай роҳгумзании нахустин ва ё охирони роҳбари ИМА нест: ӯ пештар муовинаш Камал Харрисро президент ном бурда буд, ном ва вазифаҳои узви командаашро фаромӯш карда буд.
Сиёсатмадорони Амрико рӯирост изҳор медранд, ки ин кирдори роҳбари давлат ба обрӯи кишвар латма мезанад.
 
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала