Таҳияи барномаи рушди миёнамуддати 2021 - 2025 дар Тоҷикистон: 115 миллард сомонӣ лозим

© Пресс-служба Минэкономразвития и торговли ртМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон барномаи рушди миёнамуддати солҳои 2021 - 2025-ро таҳия кард. Барои амалисозии он 115 миллиард сомонӣ масраф мешавад
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз таҳияи барномаи рушди миёнамуддати ин кишвар барои солҳои 2021 - 2025 хабар дод.
Ба гузориши "Парс тудей", Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтааст, ки  бар асоси ин барнома барои дастёбӣ ба аҳдофи роҳбурдӣ дар миёнамуддат бо истифода аз тамоми манобеъ ва тавоноиҳои мавҷуд 756 барнома пешбинӣ шудааст.
Шарикони тиҷоратии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Гардиши коло: Тоҷикистон бо кадом кишварҳо савдо мекунад
"Барои иҷрои барномаи миёнамуддати рушд, Тоҷикистон тақрибан ба беш аз 115 миллиард сомонӣ ниёз дорад, ки ин маблағ аз маҳалли буҷет, ҳамкории бахши хусусӣ ва кумакҳои хориҷии шарикони иқтисодии Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд", - афзудааст вазир.
Гуфта мешавад, дар иҷрои барномаи тавсеаи миёнамуддати ин кишвар барои солҳои 2016 - 2020 ислоҳоти муҳиме дар бахшҳои мухталифи иқтисод монанди равишҳои судури муҷаввиз ва созукорҳои мушорикати давлат ва бахши хусусӣ анҷом шудааст.
Дар натиҷаи он бо вуҷуди буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳонӣ, ихтилофоти тиҷорӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи шарикони тиҷории Тоҷикистон ба дастовардҳои бисёре даст ёфтаем.
Бар ин асос миёнаи рушди солонаи тавлиди нохолиси дохилӣ ҳаддиақал 7 дарсад ва тавлиди нохолиси дохилӣ 1. 6 баробар изофа шудаву нархи фақр низ дар ин муддат аз 31. 3 дарсад ба 26. 3 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аз иқтисод то амният: музокироти Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, саҳми содирот дар тиҷорати хориҷии ин кишвар низ аз 20 ба 26 дарсад афзоиш ва саҳми воридот аз 80 ба 74 дарсад коҳиш ёфтааст.
Завқизода ҳамчунин ёдовар шуд, ки тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, мавқеияти Тоҷикистон дар шохиси осонии касбу кор бо 59 имтиёз ва дар рутбабандии кайфияти Маҷмаи иқтисодии Байналмилалӣ бо 32 имтиёз беҳбуд ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0