Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз соли қаҳтӣ: "имсол вазнинтар мешавад" - видео

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2021 аз соли гузашта дида барои тамоми дунё вазнинтар мешавад
Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов дидан карду бо аҳли хонаводаи ӯ сари як миз нишаст.
Президент ҳангоми суҳбат бо аҳли хонаводаи Қосимовҳо аз вазнинии зиндагӣ дар шаротити пандемия ёдовар шуда, гуфт имсол дар қиёс бо соли гузашта ҳам вазнинтар мешавад.
"Ин солҳо дар тамоми дунё вазнин мешавад. Соли гузашта хубтар буд, имсол боз вазнинтар мешавад. Ҳозир аллакай дар бисёре аз кишварҳои дунё қимматию қаҳтӣ ва камчинии маводи озуқа омадааст. Дар бисёре аз минтақаҳо хушксолӣ аст", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ маслиҳат дод, ки мардум бояд дар шароити ҳамагирӣ эҳтиёт кунанд ва ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон
"Ҳамаи чӣ дорем. Дастархонро бинед, ҳамаи чиз ҳаст. Ҳамааш аз Тоҷикистон ягон чизи хориҷӣ нест", - гуфт президент.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ин рӯзҳо ҳам паси сар мешаванд ва мардум дар осоиштагӣ ба сар мебаранд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҳамагирии коронавирус ёдоварӣ карду, изҳори хушнудӣ кард, ки Тоҷикистон аз он орӣ аст.
Ба таъкиди президент ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардум бояд эҳтиёт бошанд ва қоидаҳои беҳдоштро риоя карда худ ва наздикони худро эҳтиёт кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала