Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Парадокси иқтисодӣ: чаро дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ зиёду арзиши он гарон аст?

© Пресс-служба президента РТНа птицефабрике в Согдийской области
На птицефабрике в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон далелҳои гуногунро пеш меоранд. Аммо далели равшан гаронии нарх аст, ки ба кисаи харидор зарба мезанад
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шудааст, аммо дар бозорҳои кишвар, баръакс нархи ин маҳсулоти ғизоӣ ҳоло то 15 % баланд мебошад.
Вазорати кишоварзии кишвар низ ин далелро тасдиқ мекунад. Аммо сабаб дар чист, ки чунин парадокси иқтисодӣ ба амал омада?
Аксар фурӯшандаҳои гӯшти мурғ дар бозорҳои Суғд зимни суҳбат гароншавии нархи маҳсулотро рад намекунанд. Онҳо мегуянд, ду ҳафта ба ин тараф нархи як кило гӯшти мурғ вобаста ба навъаш то ба 15 % баланд шуда, аз 19 ба 24 ва 27 то ба 30 сомонӣ дакка задааст.

Гарон шуд, кам мехаранд

Бахтиёр, як гӯштфурӯши бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба далели болоравии арзиши маҳсулот суръат харидорӣ коҳиш ёфтааст. 
“Мо ҳам аз фермаҳои мурғпарвар маҳсулотро харида, як сомонӣ зам карда мефурӯшем. Мол арзон шавад талабот ба хариш ҳам зиёд мешавад, вале вақте, ки нарх боло равад на ҳама имкони харидан пайдо мекунад ва савдо кам мешавад”, - таъкид кард фурӯшанда.
Рафоат ном фурӯшандаи дигари бозор сабаби болоравии нархи гӯштро ба гароншавии арзиши хуроки парранда рабт медиҳад.
© Sputnik Куриное мясо на рынке
Куриное мясо на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Куриное мясо на рынке
Ӯ гуфт, моликони фермаҳои мурғпарварӣ таъкид намудаанд, ки қариб ҳама намуд хуроки парранда аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва ба ин ҳол арзиши воридоти он боло рафтааст.

Камчин шуду гарон шуд

Аммо Абдуғаффор, яке аз соҳибкорони мурғпарвари суғдӣ зимни суҳбат омилҳои аслии гароншавии гӯшти мурғ дар бозорҳоро иброз намуд.
Ин соҳибкор афзуд, то аввалҳои моҳи март гӯшти мурғ аз кишварҳои Русия ва Қирғизистону Қазоқистон ба бозорҳои кишвар ворид мешуд, вале ду ҳафта ба ин тараф қариб, ки ин кор ҷараён надорад ва ҳаҷми маҳсулот дар бозорҳо коҳиш ёфтааст.
“Ин, ки воридот кам шуд, якбора нарх боло рафт, чунки мол камчин шуд.  Пештар арзиши гӯшти мурғи тухмдиҳандаи пир (митишка) 13-14 сомонӣ буд, ҳоло 18-19 сомонӣ аст. Гӯшти броллер ҳам қимат шуд, барои мисол вазни бутунаш 24 сомонӣ ва сонаш аз 27 ба 30 сомонӣ баробар шудааст”, гуфт соҳибкор.
Ин мусоҳиби мо ҳамчунин зикр кард, ки аз ҳисоби сардшавии ҳарорат бисёре аз соҳибкорон  ба далели мушкилиҳои ҷойдошта  аз парвариши мурғ муваққатан худдорӣ карданд.
© Sputnik Куриное мясо на рынке
Куриное мясо на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Куриное мясо на рынке
“Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати гармии дохили ферма харидани ангишт ва хати барқи доимӣ лозим меояд. Барои мисол дар фасли сармо нархи ангиш гарон мешавад ва албатта хароҷоти зиёдро барои соҳибкор тақозо мекунад. Бинобар ҳамин бисёриҳо кор накарданд”, - афзуд Абдуғаффор.

Гӯшти мурғ гарон шуду арзиши гӯшти гов ҳам боло рафт

Дар ҳолест, ки ахиран вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар бораи афзудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти мурғ дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ иттилоъ додааст.
Бино ба хабари ин ниҳод дар ду моҳи аввали соли 2021 дар кишвар беш аз 5 ҳазор тон гӯшти мурғ истеҳсол карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,9% зиёдтар аст.
Инчунин, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, истеҳсоли гӯшти гов дар ин давра тақрибан 6% афзуда, беш аз 21,5 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Қарори Ҳукумат барои додани замин ба "Авесто гуруҳ" ба ивази 2 млн: гӯшт фаровон мешавад?
Аммо тавре дар бозорҳо мушоҳида мешавад, ба ҳисоби гушти мурғ, нархи гӯшти гов ҳам баланд шудааст. Ду ҳафта ба ин тараф нархи як кило гӯшти устухондор 57 сомонӣ ва гӯшти лаҳм ба 70 сомонӣ шудааст, чизе, ки қаблан 55 ва 65-сомонӣ рақам зада мешуд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар охири соли гузашта идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар бораи коҳиши ҷиддии воридоти гӯшт, ба хусус мурғ хабар доданд.
Чанде қабл масъулони Идораи кишоварзии  Суғд дар бораи 1, 4 милион сар афзудани саршумори мурғ таъкид намуда, гуфта буданд, ки ҷамъан  дар 130 ферма саршумори мурғ ба 5 миллион сар баробар шудааст. Вале мушоҳида мешавад, на тухм ва нархи гӯшт дар бозор коҳиш наёфта, балки боло рафтааст.
Пуле, ки Тоҷикистон аз содирот ба даст меорад, қисмашро ба хариди озуқа сарф мекунад
Иддае аз коршиносон мегуянд, масъулини соҳа бештар ба рақамҳои оморӣ такя карда, тавозуни нархҳои бозориро умдатан ба муқоиса намегузоранд ва ин ҳол як парадакси иқтисодиро мемонад. Яъне истеҳсоли маҳсулот зиёду нарх дар бозор баланд.  

Чор соле, ки истеҳсолот зиёд мешаваду арзиш гарон

Тамоюли гароншавии арзиши гӯшти мурғ дар соли 2021 дар Тоҷикистон чизи нав нест. Бино бар додаҳои Агентии омори Тоҷикистон парадокси зиёдшавии истеҳсолоти гӯшту ҳам арзиши он тайи чор сол аст, ки мушоҳида мешавад.
Чунончи, агар дар соли 2017 истеҳсолоти гӯшти мурғ дар кишвар 3,4 ҳазор тоннаро ташкил медод, ин нишондод дар соли 2019 ба 8,1 ҳазор тонна расид. Арзиши он бошад дар чор сол то 28,4 дар сад гарон шуд.
Ҳамчунин истеҳсолоти гӯшти гов низ назар ба соли 2017 дар соли 2019 4,4 ҳазор тонна зиёд шуда, арзишаш дар чор сол 25,9 дар сад гарон шудааст.
Дар умум истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон дар ин давра 11,9 ҳазор тонна бештар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала