Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Шарти вакили Думаи Русия: Манижа пирӯз шавад, 400 ҳазор рубл маошамро хайр мекунам

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВиталий Милонов
Виталий Милонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Узви парлумони Русия Виталий Милонов бар он аст, ки Манижа Сангин наметавонад ба сегонаи аввал ворид шавад. Ӯ ваъда додааст, ки агар ин пешгӯиаш рост барояд, маоши якмоҳаашро, ки 400 ҳазор рублро ташкил медодааст, хайр мекунад
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вакили Думаи Русия Виталий Милонов бар он аст, ки овозхон Манижа наметавонад ба сегонаи аввал дар озмуни байналмилалии Евровидение - 2021 шомил шавад.
Ӯ дар ин бора бо муҷрии радиои "Комсомольская правда" Диана Кадӣ дар рафти мусоҳиба шарт кардааст.
Певица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
"Бо парчами мо баромад накунад"! интиқоди тунди вакили рус аз Манижа
Агар вакил дар ин шарт мағлуб шавад, ӯ ба як хонаводаи серфарзанди камбизоат маоши моҳонаашро дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл хайр мекунад.
Агар пешбинии вакил рост барояд, муҷрии радио Диана Кадӣ ба беморхонаи гирифторони коронавирус рафта, як ҳафта ҳамчун ихтиёрӣ кор мекунад.
"Манижа суруд хонда наметавонад ва хонад ҳам нафратангез ва даҳшатнок мехонад. Ӯ ҳамчун мусиқинавоз ва овозхон ҳеҷ кас нест", - афзуд узви парлумон.
Ба ақидаи Милонов, Манижа дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни Евровидение-2021 дар мақомҳои охир ҷойгир хоҳад шуд.
Оҳангсоз ва сарояндаи рус Манижаро бо Пушкин муқоиса кард
Ёдрас мешавем, Виталий Милонов, пештар низ бо изҳоротҳои ҷанҷолбарангезаш номӣ шуда буд. Аз ҷӯмла ӯ муаллифи Қонун зидди тарғиби гомосексуализм дар Петербург мебошад. Барои нақзи ин қонун, ки соли 2012 дар Русия қабул шудааст, аз 5 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима пешбинӣ мегардад.
Виталий Милонов узви ҳизби "Единая Россия" мебошад.
Манижа сангин, овозхони тоҷиктабори Русия имсол кишварро дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021 муаррифӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0