Ҳукми сангини 4 тоҷикистонӣ барои нашъаҷаллобӣ дар Русия

© Sputnik / Алексей Ефимов / Гузариш ба медиабонкЧемпионат по многоборью среди кинологов в Новосибирске
Чемпионат по многоборью среди кинологов в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Дар Русия як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз чор нафар иборат буда, ба гардиши маводи мухаддир машғул буданд, аз 10 то 13-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар шаҳри Челябински Русия чор шаҳрванди Тоҷикистон барои гардиши ҳероин ҳукми зиндон гирифтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Челябинск хабар медиҳад.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки зодагони Тоҷикистон ба ҷинояти гардиши нашъа давоми ду сол машғул буданд.
ВУД: 10 гуруҳи нашъаҷаллоб дар ҳайати 37 нафар дар Тоҷикистон ошкор шуд
Тафтишот муайян кардааст, ки маҳкумшудагон маводи мухаддирро тариқи қароргоҳҳои пинҳонӣ ба фурӯш мебароварданд. 
Дар рафти боздошт аз онҳо 250 бастаи маводи нашъаовар, ки вазни умумиашон 850 граммро ташкил медод, мусодира карда шуд.
Онро аз манзилҳои истиқоматии боздоштшудагон ва қароргоҳҳои пинҳонии онҳо пайдо намуданд.
Маҳкумшудагон пурра ба ҷурми худ иқрор шуданд. Додгоҳ ба онҳо аз 10 то 13 сол ҳукми зиндони низомаш сангинро таъин кард.
Амалиёти муштараки Тоҷикистону Амрико: наздик ба ду тонна маводи мухаддир мусодира шуд
Пештар хабар дода шуд, ки дар рафти амалиёти махсус дар вилояти Саратов як ҷавони 28-солаи тоҷик низ барои гардиши маводи мухаддир равонаи зиндон гашта буд.
Лентаи хабарҳо
0