Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико интишор шуд

© AP / Andrew HarnikФлаг США и Китая на стене, архивное фото
Флаг США и Китая на стене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Идораи иттилооти Шӯрои давлатии Чин гузориши солонаи худро дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико дар соли 2020 мелодӣ мунташир кард
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Шӯрои давлатии Чин, дар ин гузориши 28 сафҳаӣ гуфта шудааст, ки дар соли 2020 ноуҳдабароии Вашингтон дар маҳори ҳамагирии корона натоиҷи таассуфбореро дар пай дошт.
"Беназмӣ дар демократияи Амрико ошӯбҳои сиёсиро мӯҷиб шуд, ҳамчунин ақаллиятҳои қавмӣ табъизи нажодиро таҷриба карданд ва нооромиҳои идомадори иҷтимоӣ амнияти умумиро дар Амрико таҳдид кард"- менависад "Парс тудей" дар истинод ба манбаъ.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Захарова: Ғарб барои ҷорӣ намудани таҳримҳои ҷадид ҳамеша баҳона пайдо мекунад
Ин гузориш дар идома тавваҷуҳро ба шикофи физояндаи ғаниву фақир дар Амрико ҷалб карда ва афзудааст, ки иқдоми Амрико дар нодида гирифтани қавонини байналмилалӣ фоҷеаҳои инсониро боис шудааст.
Ҳадаф аз интишори ин гузориш таъкид бар меъёрҳои дугонаи Вашингтон дар баҳси ҳуқуқи башар эълом шудааст.
“Мо бо интишори ин гузориш мехоҳем шароити воқеии ҳуқуқи башар дар Амрикоро нишон диҳем ва равшан кунем, ки Вашингтон вақте аз ҳуқуқи башар дар кишварҳои дигар ҳарф мезанад, ниятҳои сиёсии худро дунбол мекунад”, - гуфт Чанг Чян, мудири маркази таҳқиқоти ҳуқуқи башари донишгоҳи Нонкой.
Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ мешавад
Ин гузориш, ки ба мавориди мухталифи хушунати полис ва ҳамалот алайҳи осиёитаборҳои Амрико низ ишора кардааст, пас аз он мунташир мешавад, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш бо ишора ба рафтори Пекин бо ақаллияти уйғур дар Син Кёнг таҳримҳоеро алайҳи Чин эъмол карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала