Идомаи сафари корӣ: Раҳмон ба шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён рафт

© © Пресс-служба ЦВОПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба шаҳри Бохтар сафар кард
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Гуфта шудааст, ки боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Раҳмон ба хабаргирии хоҳарбузургаш рафт - гузориши дафтари матбуоти президент
“Бояд тазаккур дод, ки дарахтони боғи намунавӣ нодиру ороишӣ мебошанд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд”, -таъкид доштааст манбаъ.
Иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир, асосан аз Аврупо махсусан аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ, ба хоҷагидорон барои зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар барои кишту парварши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Дар гармхона асосан бодиринги навъи серҳосил ва ду намуди қулфинай аз ҷумла, фестивал ва калифорнӣ ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ бояд кард то нархҳо дар бозор паст шавад - видео
Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкор Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавии тиббиву табобатӣ таъмин гардидааст ва мутахассисони кордон имкон доранд, ки ҳама намуди бемориро дар маркази мазкур бо сифати баланди хизматрасонӣ ва саривақт муолиҷа намоянд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкор  Фақерзода Анвар дар мудати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Таъкид шудааст, ки дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар маҷмуъ зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон побывал на строящейся плотине Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: ӯ алакай чаҳор иншоотро ифтитоҳ кард
Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” шинос шуд.
Нахуст раисҷумҳур дар Кооперативи мазкур аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти Навбаҳор дидан кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз гармхонаҳои таъсиснамудани аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дидан кард.
Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияти хоҷагидоронро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0