Калонтарин қарзи Русия аз ХБА ва зодрӯзи Нақибхон Туғрал: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 26 марта
День 26 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту шашуми март дар Бангладеш – Рӯзи истиқлолият ва дар Ветнам – Рӯзи ҷавонон мебошад. Дар ин рӯз президенти Тоҷикистон нахустин бор ба Муғулистон сафар кард

Рӯзи 26 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1996 Хазинаи байналмилалии асъор ба Русия 6,9 миллиард доллар қарз ҷудо намуд, ки калонтарин карз дар таърихи фонди мазкур ба ҳисоб меравад.

Рӯзи 26 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009  зимни сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон 5 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
День 22 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Зодрӯзи Фазлиддин Шаҳобов: имрӯзи таърих
Соли 2010 муроҷиатномаи муштараки бизнес-ассотсиатсияи Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ нашр карда шуд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) баргузор гардид.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуданд.
Соли 2013  дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Конфронси минтақавӣ оид ба татбиқи Нармафзорҳои Озод ва Кушодаасос (НОКА) баргузор гардид.
Соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер "Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон"-ро ифтитоҳ намуда, дар фестивали кӯдакон иштирок намуд.
Соли 2014 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии намоиш-ярмаркаи чоррӯзаи байналмилалии "Таҳсилоти россиягӣ-Душанбе-2014"  баргузор гардид.
Соли 2014 дар Афғонистон Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 26 март

  • Дар Бангладеш – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Ветнам – Рӯзи ҷавонон.

Рӯзи 26 март дар ҳудуди Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1865 — Нақибхон Туғрал, шоир.
Лентаи хабарҳо
0