Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Лаҳзаҳои беҳтарини бозии байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистону Муғулистон - видео

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард
Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Муғулистон шоми дируз, 25-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 10 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Ҳисобро дар дақиқаи 4-уми дидор ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонид. Бояд гуфт, ки ин голи 18-уми Манучеҳр Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби кишвар мебошад.
Комментаторы матча Таджикистан - Кыргызстан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
FIFA барои ҳузури 10 ҳазор мухлиси футбол дар варзишгоҳ иҷозат дод
Голи дувумро нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум зад.
Голи севумро дар дақиқаи 86-ум ҳамлагар Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонд.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев, аз пирӯзии дастааш изҳори хушҳолӣ карда, гуфтааст, ки мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ бо Муғулистон як ҳафта омодагӣ гирифт ва даста ба рақобат комилан омода буд.
“Бачаҳо тамоми қувваю маҳораташонро ба бозӣ равона карда, пирӯз шуданд ва фикр мекунам, мо бо бозии хуб мухлисонамонро хушҳол намудем”, - гуфт ӯ.
Бояд қайд кард, ки дар мувофиқа бо FIFA ин бозиро тавонистанд 10 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо кунанд.
Ёдовар мешавем, бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Муғулистон, ки 10-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Улан-Батор доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз аз 4 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ ба ҷойи дувум баромад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Пирӯзии комил: футболбозони тоҷик тими Муғулистонро шикаст доданд
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала