Раҳмон дар Кӯшониён мактаб ифтитоҳ кард: мушкили толибилмони се деҳа ҳал шуд

Средняя школа в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Солҳои зиёд хонандагони се деҳаи ноҳияи Кӯшониён бинобар набудани мактаб ҳамарӯза то 3- 4 километр роҳро то мактаби наздиктарин пиёда тай мекарданд
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён қарор дорад, ба мушкили чандин солаи хонандагони се деҳа нуқта гузошт.
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Идомаи сафари корӣ: Раҳмон ба шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён рафт
Гуфта мешавад, солҳои дароз фарзандони сокинони деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии рақами 9 ва рақами 10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд.
Ҳоло, муасисаи мазкур дар ду баст имкони ҷо додани 1240 хонандаро дорад. Сохтмони муасисаи мазкур соли 2019 оғоз ёфт ва ҳудуди 70 нафар бо маоши зиёда аз 2000 сомонӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.
Манбаъ меафзояд, мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фаннҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.
Раҳмон ба хабаргирии хоҳарбузургаш рафт - гузориши дафтари матбуоти президент
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала