Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Таҳиягарони “Спутник V” ба Макрон посух доданд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Франции Эммануэль Макрон
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Таҳиягарони ваксинаи “Спутник V” ба изҳороти раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи навъи нави ҷанги ҷаҳонӣ дар сатҳи ваксинаҳо посух доданд
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Ба гуфтаи Президенти Фаронса, Русия ва Чин талош доранд, ваксинаҳои бар зидди коронавирусро ҳамчун як василаи таъсиррасон истифода кунанд. Вай аз кишварҳои Аврупо даъват кард, ки дар тавлиди ваксинаҳо мустақилият нишон диҳанд.
"Муҳтарам Эммануэл Макрон, мо талош дорем, ки ваксинаҳо аз сиёсат дур бошанд - ин умеди беҳтарини мо барои сулҳ дар тамоми ҷаҳон аст, на барои ҷанг", - таъкид доштанд таҳиягарони “Спутник V” дар сафҳаи расмии ваксина дар Твиттер.
Муаллифони ин паём аз Фаронса даъват карданд, ба қатори кишварҳое, ки  тасмим истеҳсоли ин ваксинаро дар дохили кишварҳояшон гирифтаанд, пайвандад.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Коршинос гуфт чаро роҳбари Оҷонсии дорувории Аврупо ваксина "Спутник V"-ро “сиёҳ” кард
"Истеҳсоли ваксинаҳои гуногун роҳи истиқлолияти ваксинаӣ мебошад. Мо дар якҷоягӣ тавонмандтарем!" - таъкид шудааст дар ин пайём.
Чанде пеш Италия эълон кард, ки имкон дорад ваксинаи Русия дар ин кишвар тавлид шавад.
Владимир Путин қаблан қайд кард, ки Маскав ихтирооти худро ба касе маҷбуран тавсия намедиҳад, аммо суоле ба миён меояд, ки мақомоти Аврупо аз манфиатҳои кӣ ҳимоят мекунад - шаҳрвандон ё ширкатҳои дорусозӣ.
Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд
Дар Русия аллакай се ваксинаи зидди коронавирус ба қайд гирифта шудааст: “Спутник V” аз Маркази Гамалея, “ЭпиВакКорона” аз маркази “Вектор”-и Новосибирск ва “КовиВак” аз Маркази ба номи Чумаков.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала