Мошини ҳомили 5 донишҷӯ дар Варзоб ба автомашинаи боркаш бархӯрд

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бархӯрди як автомашинаи боркаш ба худраве, ки 5 донишҷӯ савори он буданд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Субҳи рӯзи гузашта дар роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб садамаи нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садама соати 08: 35 дақиқа дар километри 71 - уми роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб рух додааст.
Хусейн Сомон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Ҳабси Ҳусейни Сомон, ки бо "Мерседес" дар Маскав 2 занро зер кард - видеои садамаи маргбор
Гуфта мешавад, мошини боркаши тамғаи "Mercedes Sprinter" бо мошини сабукрави "Opel Zafira" бархӯрдааст, ки дар дохили автомашинаи охирон ронанда бо 5 донишҷӯ қарор дошт.
Манбаъ меафзояд, ба кӯмаки донишҷӯёни дармонда дар автомашина, гурӯҳи наҷотбахшон, ки ба таври шабонарӯзи дар ин шоҳроҳ навбатдорӣ мекунанд, шитофтанд.
"Нахуст ронанда ва баъдан ҳар 5 донишҷӯ аз автомашина берун оварда шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки дар ин ҳодисаи нохуш, хушбахтона талафотӣ ҷонӣ рух надод. Ронанда ва мусофирониӯ ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. 
Ноуҳдабароии ду ронанда ба марги дучархарону пиёдагард анҷомид
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳо ва ҳамзамон суръатро нигоҳ доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала