Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Номи ширкатҳое, ки парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро анҷом медиҳанд, эълон шуд

Самолет авиакомпании Utair - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Пас аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Русия ва Тоҷикистон, номи ширкатҳое маълум шуд, ки дар ин масир мусофиронро интиқол медиҳанд
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. "Сомон Эйр" ва "Utair" ду ширкате, ҳастанд, ки имкони анҷом додани парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русияро пайдо намуданд, гуфт муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода.
"Аз 1 апрел ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" ва "Utair" - и Русия ҳар ҳафта дар масири Маскав – Душанбе  як маротиба парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд", - гуфт Набизода.
Вай қайд кард, ки дар асоси қарори ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус дар Русия, дар бораи кушодани парвозҳои мунтазам бо 6 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз 1 апрел созиш ҳосил шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҷадвали парвоз ва тарофаҳои он ба таври изофӣ эълом хоҳад шуд.
"Қоидаҳои рафтани шаҳрвандон мисли парвозҳо ба дигар кишварҳо хоҳад буд, ки бо онҳо равобити ҳавоӣ аллакай мавҷуд аст", - таъкид кард Набизода.
Вай хотиррасон кард, ки мусофирон бояд ҳамаи чораҳои беҳдоштӣ, аз қабили пӯшидани ниқобу дастпӯшак  ва инчунин шаҳодатномае, ки аз коронавирус сиҳат будани онҳоро собит мекунад, дар даст дошта бошанд. Ташхиси коронавирус бояд на дертар аз 72 соат гирифта шуда бошад.
Ёдовар мешавем, ки Русия сар аз 1 апрел дар баробари Тоҷикистон, инчунин ба Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри – Ланка иҷозати анҷом додани парвозҳои ҳавоиро фароҳам овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала