Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ аз вазъияти фақр дар Тоҷикистон

Военный 201-й РВБ привезли подарки многодетной семье в труднодоступный кишлак
Военный 201-й РВБ привезли подарки многодетной семье в труднодоступный кишлак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Бонки sаҳонӣ таҷдиди назар дар шохисҳои таъйини фақр дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон ва истифода аз зарфиятҳои мавҷуд барои коҳиши ин падидаро хостор шуд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бар асоси гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ, ки бо унвони "Фақр ва сатҳи зиндагӣ дар соли 2020" мунташир шуда, дар соли гузашта ба далели густариши вируси корона ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия, фақру бекорӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Вазири рушди иқтисод ва савдо: сатҳи камбағалӣ дар Тоҷикистон пойин омад
Ин гузориш ҳамчунин коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ва гаронии маводи ғизоӣ дар соли 2020 -ро аз паёмадҳои густариши вируси корона дар Тоҷикистон баршумурда ва афзудааст.
Бо талошҳои ҳукумат ва кумаки Бонки ҷаҳонӣ барои коҳиши фақру иштиғолзоӣ, теъдоде аз коргарони бекоршуда дар Русия, ки ба кишвари худ бозгашта буданд, ба кор машғул шуданд.
Ҳамчунин бар асоси гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар солҳои 2016 то 2019 фақр дар Тоҷикистон 5 дарсад коҳиш ёфтаву аз 31.3 дарсад ба 26.3 дарсад расидааст.
Пешбинии СҶБ: ҷаҳонро фалокати маънавӣ фаро мегирад
Аз ин рӯ, Бонки ҷаҳонӣ муътақид аст, ки бо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ сохти корхонаҳои ҷадиди тавлидӣ ва рушди тиҷорат, имкони коҳиши фақр дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала