Парвозҳои наву кӯҳна: Тоҷикистон "дарвозаҳои ҳавоӣ" - ашро боз мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото
Таджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон талошҳояшро барои боз кардани роҳҳои ҳавоӣ идома медиҳад. Роҳҳои заминӣ ҳанӯз бастаанд
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир хатсайрҳои мунтазам бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ба роҳ монда шудаанд.
Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Замони нахустин парвози мустақим аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд: "Ютэйр" анҷом медиҳад
"Ҳар қароре, ки аз сӯи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар бораи боз кардани хатсайрҳо ба ин ё он давлат ба тасвиб расид, мо ба иҷрои он иқдом кардем", - гуфт Икром Субҳонзода.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳар ҳафта дар хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Дубай-Душанбе, Душанбе-Истамбул-Душанбе ва Душанбе-Тошканд-Душанбе мутаносибан дупарвозӣ аз ду тараф, дар умум чор парвоз анҷом мешавад.
Ҳамзамон, бино ба ин манбаъ, якпарвозӣ аз ду тараф, дар умум дупарвозӣ дар масири Душанбеву Алма – Ато ва Душанбеву Кобул ба роҳ монда шуда, аз аввали моҳи апрел миёни Душанбеву Маскав низ роҳандозӣ хоҳад шуд.
28 январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, зимни як ҷаласа бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон дастур дода буд, ки сари барқарории парвозҳои қаблӣ ва боз намудани парвозҳои нав дар соли 2021 ҷиддан иқдом кунанд.
Парвозҳо ба Русия: мусофирон ба кадом нарх ва ҳуҷҷат метавонанд парвоз кунанд?
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа аз Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хоста буд, ки дар соли 2021 хатсайрҳои навро эҷод намояд.
Икром Субҳонзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи ин дастури Эмомаль Ращмон як хатсайри чартерӣ дар масири Минск – Душанбе – Минск боз шуд.
"Ҳоло талоши мо бар ин аст, ки ин хатсайри чартериро ба хатсайри мунтазам табдил диҳем", - гуфт ӯ.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон инчунин аз лоиҳаҳои созишнома бо Гурҷистон, Шри Ланка, Уммон, Қатар, Украина ва дигар кишварҳо суҳбат кард.
"Тибқи созишномаи миёни Тоҷикистону Фаронса хатсайри "Душанбе – Порис – Душанбе" ба роҳ монда хоҳад шуд. Созишнома бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз сӯи Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расидааст. Ҳамзамон кор сари боз намудани хатсайрҳои мунтазам миёни Душанбеву шаҳри Урумчии Чин ва Деҳлии Ҳиндустон идома дорад", - гуфт Икром Субҳонзода.
Боз шудани "дарвозаҳои ҳавоӣ" ва эҷоди хатсайрҳои ҷадид миёни Тоҷикистону дигар кишварҳои ҷаҳон дар ҳолест, ки то ба ҳол роҳҳои заминии ин кишвар бо ҷаҳон амалан баста мемонанд
Лентаи хабарҳо
0