Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

ВКД: Иззат Амон дар Душанбе дастгир ва ҳабс карда шуд

© Фото : Аккаунт Facebook Izzat AmonИззат Амон таджикский активист в России, архивное фото
Иззат Амон таджикский активист в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
ВКД расман гузориш дод, ки Иззат Амон, фаъоли иҷтимоӣ дар Русия ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, роҳбари маркази тоҷикон дар Маскавро дар Душанбе пас аз ихроҷ шуданаш дастгир кардаанд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир ва ҳабс шудани Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, ӯ пас аз оне, ки аз Русия ихроҷ шудааст, дар Тоҷикистон дастгир ва ҳабс гардидааст.
Каромат Шарипов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2018
Каромат Шарипов исбот карда натавонист, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест
"Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз Русия ронда шуд",- менависад ВКД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ӯ дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
"Иззат Амон қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт", - тавзеҳ медиҳад боздошти вайро ВКД.
Дар ҳамин ҳол шарҳ дода намешавад, ки Иззат Амон кай ба Душанбе ихроҷ гардид ва кадом рӯз дастгир шуд.
ВКД дирӯз низ аз гумонбар дониста шудани Иззат Амон дар қаллобӣ гузориш дода буд.
Мақомоти Русия бошанд, аз фаъолияти ғайриқонунии вай гузориш дода буданд.
Чунончи, Додгоҳи шаҳри Маскав дар пасманзари хабарҳо дар бораи нопадид шудани Иззат Амон бархе тафсилоти як парвандаи маъмурӣ алайҳи ӯро нашр кард.
Бар асоси додаҳои Додгоҳи Маскав алайҳи Холов Изатулло Амонович, тибқи моддаи 18.10, қисми 2 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия парванда боз шуда, нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.Моддаи мазкур дар бораи фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия мебошад, ки патент ё иҷозатномаи кор надоранд.
Страница Шарофиддина Гадоева в Facebook - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2019
ВУД: Шарофиддин Гадоев пушаймон ва ихтиёран ба мақомоти Тоҷикистон таслим шуд
Додгоҳи Маскав тафсилоти муҷозоти Иззат Амонро нагуфтааст, аммо банде, ки аз рӯи он нисбаташ ҷазо татбиқ гардидааст, ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бошад, дар идомаи гузоришаш менависад, ки "Холов И.А. дар Русия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст".
"Онҳое, ки дучори қаллобии Холов И.А. гардидаанд, хоҳиш менамоем ба телефони "Боварӣ"-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21 занг зананд", - хоҳиш кардааст Вазорати кордҳои дохилӣ.
Хабарҳои "нопадид шудан", "рабуда шудан" ва "боздошт шудан"-и Иззат Амон ду рӯз пеш, 25 март расонаӣ гаштанд. 
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин наворе нашр гардид, ки дар он Иззат Амон мегӯяд, соли 1996  шаҳрвандии Русияро гирифта, соли 2000-ум барои кору иқомат ба ин кишвар кӯчидааст.  Ӯ мегӯяд, Академияи дипломатии Русияро соли 2009 бо дипломи сурх хатм намуда, дар Академияи хизмати давлатии назди дастгоҳи раисиҷумҳури Русия соли 2013-ум унвони номзадии илми ҳуқуқро ҳимоя кардааст.
Иззат Амон дар бораи мурофиаи додгоҳӣ, боздошт ва истирдоди Каромат Шарипов ба Тоҷикистон
Иззат Амон дар ин навор изҳор медорад, чанд рӯз қабл огоҳӣ ёфт, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияашро бекор кардаанд.
Вай инчунин аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳаш дар Тоҷикистон гуфта, таъкид намудааст, ки ба эҳтимоли зиёд ба ин кишвар истирдод мешавад. Ӯ аз роҳбарияти Русия хостааст, ки барои барқарор кардани шаҳрвандияш ва бозгардонданаш ба Русия ба ӯ кумак намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала