Борон меборад, раъду барқ мешавад: пешбинии ҳавошиносон аз тағйири ҳаво барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Обуна шудан
Имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар борон меборад. Танҳо дар бархе ноҳияҳои ВМКБ бориши барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борон меборад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Ҳавошиносон: ду рӯз борони пуршиддат меборад
Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда,  борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ  бориши бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  10+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0