Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

© Пресс-служба Президента РТСотрудник предприятия ООО «Сомони Расул»
Сотрудник предприятия ООО «Сомони Расул» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Cубъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳаҷми 4,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар зарфи ду моҳи соли равон ба маблағи беш аз 34,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон.
Председатель области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Мақомоти Суғд корхонаҳои бузурги вилоятро уҳдадор кард, ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш диҳанд
Бино бар иттилои манбаъ, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон 60 корхонаю  ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.
"Айни замон   22 субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба таври густурда фаъолият намуда, маҳсулот истеҳсол менамоянд", - таъкид мекунад вазорат.
Аз ҷумла, 11 корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", 9 корхона дар Минтақаи озоди "Данғара" ва ду корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" маҳсулот истеҳсол мекунанд.
Истеҳсолоти ҳаётӣ: навори фаъолияти корхонаи тавлиди оксиген
Дар ин давра субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар ҳаҷми 4,7 миллион сомонӣ маҳсулот  истеҳсол намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала