Замони нахустин парвози мустақим аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд: "Ютэйр" анҷом медиҳад

© SputnikСамолёт авиакомпании "ЮТэйр". Архивное фото
Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Обуна шудан
Мақомоти ҳавонавардии Русия ва Тоҷикистон санаи парвози нахустинро дар масири Маскав - Душанбе эълон карданд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Нахустин парвози мустақим дар масири Маскав - Душанбе рӯзи 2 апрел сурат мегирад, гуфт Икром Субҳонзода роҳбари Агентии гражданӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳавонавардии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҷадвали ҳаракати ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар ба мувофиқа расиданд ва нахустин парвозро ширкати ҳавонавардии "Ютэйр" анҷом медиҳад.
Самолет Boeing 737-800 авиакомпании ЮТэйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвозҳо ба Русия: мусофирон ба кадом нарх ва ҳуҷҷат метавонанд парвоз кунанд?
Икромзода афзуд, парвози нахустин дар масири Маскав - Душанбе рӯзи 2 апрел сурат мегирад.
Муайян гардид, ки парвозҳо дар як ҳафта аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс ду мартиба сурат мегирад. Рӯзҳои сешанбе аз Душанбе ба Маскав ва парвозҳои бозгашт аз ҷониби ширкати миллии тоҷикии "Сомон Эйр" амалӣ карда мешаванд.
Мусофирон бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳангоми парвоз онҳо бояд тамоми чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Дар баробари пӯшидани дастпӯшу ниқоб ҳамчунин дар даст бояд ташхиси сиҳат будан аз маризии коронавирус дошта бошанд. Ин ташхис набояд бештар аз 72 соат қабл аз парвоз гирифта шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия бинобар пандемияи коронавирусӣ 20 марти соли 2020 парвозҳоро бо ҳама кишварҳо қатъ кард.
Лентаи хабарҳо
0