Аспҳои раиси Суди Олӣ дар Суғд аз ҷоиза бенасиб монданд - манбаъ

© © SputnikТрадиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал
Традиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Бузкашӣ ва пойгаи наврӯзӣ дар Суғд бо иштироки ҳудуди 500 асп баргузор гардида, гуфта мешавад аспҳои Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ барои иштирок дар ин сабқат ба шимоли кишвар интиқол дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Бузкашию пойгаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ҳудуди 20 ҳазор тамошобин аз шаҳру навоҳии Суғд баргузор шуд.
Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2020
Рустами Эмомалӣ барои пойга ва куштии наврузӣ пул ҷудо кард
Яке аз масъулини баргузории ин мусобиқа ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, беш аз 500 асп дар сабқати бузкашӣ аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок доштаанд.
“Ба ҳисоби аспҳо аз шаҳру навоҳии Суғд, инчунин якчанд аспи мансуб ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олӣ барои иштирок дар ин мусобиқа оварда шудаанд ва човандозон якчанд бор ба расонидани буз ба майдон муваффақ шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Дар мусобиқаи бузкашӣ ҷоиза барои расонидани буз ба майдони поён ва боло аз 150 то 250 сомонӣ ва асбобҳои рӯзгор аз қабили телевизор, тафдон ва қолин муқаррар шуда буд.
Мусобиқаи асптозӣ аз рӯи ҳафт давр байни аспҳои зоташон тоҷикӣ ва англисию ахелтекӣ дар масофаи 1500 то 2200 метр доир карда шудааст.
Дар ин навъи сабқат барандаи шоҳҷоиза Некрӯз Мирзоиброҳимов, сокини шаҳри Хуҷанд шудааст, ки масофаи 2200 метрро ҳамроҳ бо аспаш дар 2,23 дақиқа аввалин шуда тай намудааст. Барои ғолиб  Ҷом бо рамзи “Наврӯз -2021”, мошини Ваз-2107, 3 ҳазор сомонӣ, як телевизор ва як қолин тақдим карда шудааст.
Шоҳҷоизаи даври бузкашӣ насиби Фурқат Икромов сокини шаҳри Исфара гардидааст. Ба ғолиби ин давр Ҷом бо рамзи “Наврӯз -2021”, мошини Ваз-2107, 8,5 ҳазор сомонӣ, як телевизор ва як қолин супорида шудааст.
Мусобиқаи пойга ва бузкаширо ҳукумати Суғд доир намудааст ва дар расми эътои туҳфа ба ғолибон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ширкат доштааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала