Барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борони пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ВМКБ барф меборад
ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсиҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад.
Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва  рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Дар Ваҳдат чӯпони 26 - сола ҷон бохт: КҲФ мегӯяд ҳоло вақти чаронидани чорво нест
Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот бошиддат ва пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  11+13 дараҷа гарм ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала