Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Беҳбуди вазъи саломатӣ ва ваъдаи тоҷири шинохтаи тоҷик барои пардохти қарзҳо - акс

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Нусратулло Файзуллоев, дар корхонаи "Ресанда"-и Бохтар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Нусратулло Файзуллоев, дар корхонаи Ресанда-и Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Нусратулло Файзуллоев, соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон, ки аввали моҳи равон дар ҳолати бехудӣ дар беморхонаи шаҳри Бохтар бистарӣ шуда буд, феълан ба беморхонаи “Истиқлол” интиқол дода шуда, вазъаш хуб арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Файзуллоев, ки бар асари сакта дар беморхона бистарӣ шуда буд, интизор меравад рӯзҳои наздик мураххас шаваду табобатро дар хона идома диҳад, изҳор доштааст худи соҳибкор.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Мушкили "Роҳи оҳан" дар пардохти қарзи Чин: Раҳмон қарори махсуси Ҳукуматро имзо кард
Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигор, Азиз Азиззода, ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққаш дуо карданд, сипос гуфта, барои масъулини тандурустӣ - аз фаррошони беморхона то вазири тандурустии кишвар изҳори миннатдорӣ намудааст.
Файзуллоев аз суҳбатҳо атрофи қарздориҳояш изҳори нороҳатӣ карда, оморашонро нодуруст хондаст ва афзудааст, акнун, ки вазъаш боз беҳбуд ёфт, дар оянда қарзҳои боқимондаро пардохт хоҳад кард.
Нусратулло Файзуллоев тавзеҳ додааст, замоне хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониёнро тибқи қонун дар бораи ташкили хоҷагиии махсуси тухмипарварӣ ба ихтиёри ҶСК “Ресанда” – и шаҳри Бохтар қарор дод, ки аз ҳама намуди пардохтҳо 17 миллион сомонӣ қарздор буд
Аз соли 2008 то имрӯз 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағи ҳаққи истифодаи об ва 3 милллиону 200 ҳазор сомонӣ қарзи пешинаи музди меҳнатро пардохт карда, дар зарфи якчанд соли баъдӣ боқимонда қарзҳоро низ баробар хоҳанд кард, таъкид кардааст соҳибкор. Ӯ муҳим хондаст, ки феълан хоҷагӣ бо низом фаъолият дорад.
Нусратулло Файзуллоев аз оилаҳои серфарзанди зодаи ноҳияи Данғара буда, солҳои 80-уми асри гузашта ба Бохтар кӯчид ва тайи даҳсолаҳои охир тиҷоратҳои гуногун аз қабили заминкорӣ, истироҳатгоҳ ва корхонаи нассоҷиро роҳандозӣ кардааст.
Ӯ молики корхонаи "Ресанда"- и шаҳри Бохтар мебошад, ки соли 2013 бо харҷи 6,5 миллион доллар онро навсозӣ карда, бо иқтидори бештар фаъол намуд. Тавре котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд, президент Эмомалӣ Раҳмон, дар маъракаи фаъолсозии корхонаи таҷдидшудаи "Ресанда" аз Нусратулло Файзуллоев тавсиф карда, ӯро намунаи ибрат хонда буд.
Нороҳатии Файзуллоев аз суҳбатҳо атрофи қарздорияш дар ҳолест, ки соли гузашта бархе расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба мақомоти андози Хатлон хабар дода буданд, ки корхонаи "Ресанда", аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилоят аз андоз 27,8 миллион сомонӣ қарздор аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала