“Магӯ пир гаштам”: навори суҳбати Раҳмон бо набераҳо ва наздиконаш – видео

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навори боздиди Эмомалӣ Раҳмон, аз хонаи хоҳарбузургаш дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва суҳбаташ бо набераҳою наздиконашро нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бар асоси навори нашргардида, Раҳмонро дар саҳни ҳавлӣ набераҳояш бо шеъру гулдаста пешвоз гирифта, аз хизмату заҳматҳояш барои ободию Ваҳдат тавсиф кардаанд.
“Магӯ зинҳор рӯзе пир гаштам, ҳамеша пешвои тоҷикон бош”, - қироат кард яке аз набераҳо ва раисиҷумҳур аз чеҳра ва хандиданаш муайян намуд, ки ӯ духтари Маҳмадулло мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон  баъди гирифтани гулдаста аз дасти наберааш дар мавриди донишҷӯияш пурсид ва посух шунид, ки дар курси аввали Донишгоҳи тиҷорат мехонад. “Бизнесмен мешавӣ?”, - суол кард раисиҷумҳур. Аммо набера гуфт, ки ихтисосаш дипломатия мебошад.
Инчунин раисиҷумҳур боз аз чашмони кабуди падар ёд кард, ки ба гуфтаи ӯ танҳо як хоҳараш мисли падар чашмони кабуд дорад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафараш дар ВМКБ аз чашмкабудии қисме аз мардуми вилоят гуфта, таъкид намуд, ки худи падараш низ чашмони кабуд дошту дар авлодашон танҳо як духтар мисли падараш чашмони кабуд дорад.
“Як қисми мардуми Бадахшон чашмони кабуд доранд. Падари ман ҳам чашмонаш нил барин кабуд буд. Хоҳарам, як духтараш танҳо мисли падарам таваллуд шуд. Дигар не, нагузаштааст”, - изҳор дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки ин нишонаи қадима будани миллати тоҷик, ориётабор будани миллати тоҷик аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала