Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Вазири хориҷии Туркия бо сафари расмӣ ба Душанбе омад

© МИД РТМулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дар Туркия
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Човушоғлу рӯзи 28 март вориди Душанбе шуда, мулоқоташ бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, дар назар аст. 
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Муҳриддин бо ҳамтои афғонаш сафари Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон баррасӣ кард
Дар назар аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Туркияро дар чаҳорчӯби сафари расмии мазкур ба ҳузур пазирад. Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ бо роҳбари ҳайати Туркия мулоқотҳо анҷом хоҳанд дод, афзуд манбаъ.
Дар Душанбе ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар дар назар аст, ки 29 март баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамоиши вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” бо суханони ифтитоҳии президенти Тоҷикистон ва раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз шавад.
"Дар Конфронс иштирок ва суханронии вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст",- афзудааст манбаъ
Ба таъкиди манбаъ, фъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.
Гуфта мешавад, раванди мазкур аз се рукн иборат аст: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ. “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ҳамчунин заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала