Қадрдонии адиби тоҷик бо дипломи "Ситораи тилло"

© Министерство культуры РТАбдукахор Косим избран академиком Международной академии русской литературы
Абдукахор Косим избран академиком Международной академии русской литературы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз дастовардҳои нави публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik. Сармуҳаррири нашрияи ҳизбии "Ҳидоят", ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои УрОсиё шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим бо дастоварди нав муваффақ шуд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии шеър аз ташкилоти адабию фарҳангии кишварҳои Қирғизистон, Эквадор, Африқо ва Сурия низ хизматҳои Абдуқаҳҳори Қосимро дар таҳким бахшидани дӯстии халқҳо ва сулҳ тавассути шеър қадршиносӣ намуданд.
"Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби маъмури доираи сафирони сулҳ ,шоир ва нависанда Эдвин Антонио Гаон Салинас аз Ҷумҳурии Эквадор барои саҳми арзанда дар таҳким бахшидани сулҳ дар дунё тавассути шеър бо дипломи "Ситораи тилло" сарфароз гардонида шуд", - омадааст дар хабарнома.
Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчунин аз ҷониби Президенти Форуми байналмилалии эҷодиёт ва инсонпарварии Марокаш, сафири фарҳанги сулҳ Азиз Мунтассир ва Сафири фарҳанги Мексика, директори шабакаи арабӣ дар Марокаш ва мушовири фарҳанги Форуми фарҳангии Миср ва Лубнон Марлен Пасинӣ бо сертификат қадрдонӣ шудааст.
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2020
Китоби Абдуқаҳҳори Қосим ба забони сербӣ нашр шуд
Дар баробари ин, шоири тоҷик аз ҷониби Сафири байналхалқии форуми байналмилалии сулҳ ва ҳуқуқҳои инсон Ловелин П Ейо ва Президенти академияи Эхо Сурия ва Федератсияи фарҳанги Димишқ-Сурия, нависанда ва ҳомии ҳуқуқ Гада Бадран бо шаҳодатномаи миннатдорӣ сарфароз шуд
Шоири тоҷик Абдуқаҳҳор Қосим ба гирифтани ҷоизаи "Рус моя" пешбарӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Русия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.
Пештар Абдуқаҳҳори Қосим барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ лауреати ду Ҷоизаи байналмилалии адабӣ - Ҷоизаи байналмилалии адабии "Ҷаҳони марзӣ" ва "Антуан де Сент-Экзюпери" (Фаронса - Олмон) дар соли 2021 гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала