Ашраф Ғанӣ доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд

© Flickr / DfidПрезидент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото
Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Ба раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ унвони доктори фахрии Донишгоҳи милли Тоҷикистон супорида шуд.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, имрӯз бо ҳузури Ашраф Ғанӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як ҳамоиш баргузор шуд, ки дар ҷараёни он кишвардори Афғонистон суханронӣ намуда буд.
Официальная встреча президента Афганистана Ашрафа Гани в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Ғанӣ вақте Раҳмон Муҳриддинро муаррифӣ мекард, гуфт: "заҳмати бисёр кашиданд" - навор
Зимнан, дар фазои тантанавӣ ба Ашраф Ғанӣ дипломи фахрии донишгоҳи мазкур супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 29 март Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳи Конфронси 9 - уми вазирони кишварҳои "Қалби Осиё - Раванди Истамбул" ба Тоҷикистон ташриф овард.
Зимнан, дар Қасри миллат вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои афғони ӯ баргузор шуд.
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, "ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти ҳамкориҳоро дар таъмини бештари амнияти марзҳои муштараки давлатӣ таъкид намуданд.
"Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки мушкилоти дар ин самт мавҷударо бартараф намуда, марзи ду кишварро ба арсаи субот, дӯстӣ ва ҳамкории созанда табдил диҳем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҷараёни сӯҳбат Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Тоҷикистон ба Афғонистон даъват намудааст ва роҳбари давлат низ даъвати ҳамтои афғонашро пазируфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала