Баррасии хатти интиқоли барқ аз “Роғун”-у “Себзор” ба Афғонистон

CC0 / Pxhere / Линия электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои афғонистонияш, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ масоили энергетикиро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ғанӣ ва Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ ва хаттҳои фаромарзии интиқоли он мусоидат карда шавад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Дар марз дӯстию ҳамкорӣ бошад: созиши Раҳмону Ғанӣ барои мубориза бо қочоқу терроризм
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи мулоқот бо Ғанӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамасола содироти нерӯи барқро ба Афғонистон дар ҳаҷми то 1,5 миллиард киловатт/соат (анҷом медиҳад.
“Барои ин мақсадҳо аз ҷониби мо ду хатти интиқоли нерӯи барқ бо тавоноии 500 мегаватт (МВт) аз зеристгоҳи Герани Тоҷикистон то Пули Хумрии Афғонистон сохта, ба истифода дода шудааст”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, ҷониби Тоҷикистон бар он аст, ки амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо омили муҳимми таъмини пешрафту суботи кишварҳои мо ва тамоми минтақа хоҳад шуд.
“Зимнан, мо лоиҳаҳои сохтмони хатти баланшиддати (500 Кв) таҳвили нерӯи барқи “Роғун-Пули Хумрӣ” ва Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”-ро ба нақша гирифта, татбиқи онҳоро пайгирӣ дорем”, - таъкид кард раисиҷумҳур.
Инчунин зикр шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷиҳати саривақт анҷом додани лоиҳаи “КАСА-1000”, ки намунаи ҳамкориҳои воқеии кишварҳои мо дар ростои ташаккули бозори минтақавии энергетикӣ мебошад, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.  
Ин хат, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон таъмин мекунад, феълан дар ҳоли сохтмон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала