Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мулоқоти Зариф ва Раҳмон: чӣ гуфтанд?

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Переговоры президентов РТ и Афганистан Эмомали Рахмон и Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Раҳмон Тоҷикистонро хонаи дувуми Ашраф Ғанӣ гуфт
Ёдрас мешавем, Муҳаммад Ҷавод Зариф барои иштирок дар Конфронси "Қалби Осиё-Раванди Истамбул", ки фардо 30 март дар Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқоташ бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигоронро тавзеҳ додааст.
"Дидори хубе доштем бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар мулоқот муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистонро баррасӣ намудем. Инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва мавзӯи Афғонистонро, ки фардо дар Нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истамбул" матраҳ аст, гуфтугӯ намудем", - гуфтааст вай.
Ёдовар мешавем, ки 28 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" ба Душанбе ташриф овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала